Мактубҳо

Намуд ва меъёрҳои муросилоти почта

  Муросилоти почтаӣ муросилоте мебошанд, ки дар дохили ҷумҳурӣ коркард шуда, бурда расонда мешавад. Намудҳои муросилоти дохилӣ:

мактубҳо (одӣ, фармоишӣ, арзишнок);
кортҳои почтавӣ (одӣ, фармоишӣ);
бастаҳо (оддӣ, фармоишӣ, арзишнок) ;
равонакҳо (одӣ, арзишнок);
ирсолпулиҳо (почтавӣ, телеграфӣ) ;
матбуоти даврӣ (рузнома ва мачаллаҳо).

Меъёрҳои муросилоти почта

1.Мактубҳо:

а) 110х220
б)160х22
в) 230х320

2.Кортҳои почтавӣ: 105/148

3.Бастаҳо: одӣ, фармоишӣ ва арзишнок 35 см.ҳам аз бар, дарозӣ ва баландӣ, на камтар аз андозаи —10 см дарозӣ — ба 5 см — баландӣ. Барои бастаҳои дарозшакл аз 70 см. дар доираи диаметроии 15 см, дар ҳолатҳои ҷудогона то 1,5 м дар ҳолате, ки ашё катъ карда намешавад, бастаҳо андозаи 10 см дарозӣ 5 см баландӣ.

4.Равонакҳо (посылки): барои равонакҳо борпечонӣ ба андозаи 50х50х40 см, равонакҳои аз ин андоза берун калонҳачм ҳисоб меёбанд. Ҳамчунин ашёе, ки фиристода мешаванд, дарозиашон 2 м буда, баландиашон аз 1 м. баландтар набошанд. Равонакҳои аз 10 кг зиёд гаронвазн ҳисоб меёбанд, набояд аз 20кг зиёд бошанд.

Ба таваҷҷӯҳи муштариён!

  Тарзи дуруст пур кардани варақахои почтавӣ боиси саривақт дастрас намудани муросилотатон мегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми пур кардани варақаҳо дақиқназар бошед!.

Эзоҳот:

  Шаҳрвандони азиз!. Ҳангоми фиристодани номаҳои худ танҳо лифофаҳои КВД “Почтаи Тоҷик”-ро истифода баред. Лифофаҳои худсохт ва бенишонии почта қабул карда намешаванд!.
  Дар фиристодани бастаҳо қоғаз, картон, халтаҳои полиэтиленӣ, қуттиҳои қоғазӣ истифода мешаванд.
  Равонакҳо дар халтаҳои полиэтилении калонҳаҷм, қуттиҳои қоғазии калонҳаҷм, халтаҳо, қуттиҳои чӯбин бастабандӣ мешаванд.