Равонакҳо

Ба таваҷҷӯҳи муштариён!

  Тарзи дуруст пур кардани варақаҳои почтавӣ боиси саривақт дастрас намудани муросилотатон мегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми пур кардани варақаҳо дақиқназар бошед!.

Тартиби дастраснамоии муросилоти почта

     Муросилоти почтави зерин тавассути шӯъбаҳои алоқа ба суроғаи муштариён бурда, расонида, мешавад: мактубҳои оддӣ, фармоишӣ, арзишнок, кортҳои почтавӣ, бастаҳо, равонакҳо.
  Корманди почта ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми супоридани почта аз шаҳрванд шпноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дида,  дар варақаҳои почтавӣ қайд намуда, баъди имзои шахси гиранда онро супорад.
Ҳама гуна муросилоти почтаи воридотӣ ё содиротӣ баъди назорати гумрукӣ дар Маркази мубодилаи почтаи байналхалқӣ ба суроғаҳои нишондодашуда фиристода мешаванд.
  Муросилоте, ки ҳангоми гузариш аз назорати ренгенӣ боздошта мешавад, баъди хулосаи гумрукӣ ё худ барасмиятдарории гумрукӣ бо иҷозати корманди раёсати гумрук дар почта ба шаҳрвандон дар ММПБ баъди омодагаштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ супорида мешавад.
Муросилоти почта, ки аз назорати гумрукӣ бемамоният гузаштаанд, бевосита ба шуъбаҳои алоқаи ҷои зисти шаҳрвандон фиристода мешаванд.
  Кормандони почта дар асоси Қоидаи почта барои гирифтани муросилот ба шаҳрванд хабарнома ба суроғаи нишондодашуда бурда мерасонанд. Агар шаҳрванд дар муддати 5 рӯз ҳозир нашавад, маротиби дуюм чунин хабарнома фиристода мешавад.
  Мӯҳлати нигоҳдории муросилоти почта 2 моҳ мебошад. Баъдан, бозпас фиристода мешавад.
  Кормандони почта барои таҳияи хуҷҷатҳо ва дастраснамоӣ дар асоси Нархномаи 1 ТДМ-125 барои бастаҳои калонҳаҷм ва равонакҳо 14 сомонӣ, барои ҳар кадом муросилот гирифта, онро дар дафтари Ш-47 қайд намуда, расид ба шаҳрвандон медиҳанд.
  Дар сурати дар муросилот қайд шудани «Лично в руки» муросилот шахсан ба гиранда бо нишон додани шиноснома супорида мешавад.
Ҳуҷҷатҳои зерин барои гирифтани муросилоти почта асос мешаванд:
— Шиноснома (паспорт)
— Шаҳодатномаи хизматӣ — билети ҳарбӣ
— Боваринома аз ташкилот ё муассисае, ки муросилот ба унвони он фиристода  шудааст.