Роҳбарият

Директори генералии “Почтаи Тоҷик”
Ёралиев Ҷиёнхон Шералиевич

  Ёралиев Ҷиёнхон Шералиевич дар таърихи 14.08.1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дохил шуда, онро дар соли 1994 хатм кардааст.
  Фаъолияти кориро аз Корхонаи нассоҷии тоҷик оғоз намуда, дар он ҷо ба ҳайси муҳандис то соли 1997 кор карда, баъдан, дар Вазорати мелиоратсия ва обёрии Тоҷикистон ҳамчун муҳандис то соли 2004 ифои вазифа намудааст.
  Аз соли 2004 то 2012 дар шӯъбаи Департаменти Давлатии “Почтаи Тоҷикистон” ба сифати муҳандис кор карда, дар соли 2012 роҳбари Корхонаи Воҳиди Давлатии “Маркази марка” таъйин гардидааст.
  Ёралиев Ҷиёнхон Шералиевич аз соли 2018 инҷониб Директори генералии “Почтаи Тоҷик” мебошад.

Муовини директори генералии “Почтаи Тоҷик”
Раҳмонов Шодӣ Абдураҳимович

  Раҳмонов Шодӣ Абдураҳимович дар таърихи 15.09.1959 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1995 ин ҷониб дар соҳаи алоқа фаъолияти меҳнатӣ дорад.
  Аз соли 1995 то соли 1997 ӯ вазифаи директории РХПП “Пуштаи Тоҷик”-ро ба ӯҳда дошта, аз соли 1997 то соли 2003 сардори Шӯъбаи тиҷоратӣ ва маркетинги Почтаи Тоҷикистон ва аз соли 2003 то 2005 сардори шӯъбаи “Почтаи фаврӣ” будааст.
  Дар соли 2007 муовини аввали КВД почтаи Тоҷикистон таъйин гардида, то соли 2011 дар ин вазифа кор намудааст. Аз соли 2011 то 2013 мушовир ва аз соли 2013 то соли 2017 сардори “Почтаи фаврӣ” буда, аз соли 2017 инҷониб муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи Тоҷик” мебошад.

Сардори шӯъбаи иттилоотӣ
Гулов Аҳмад Файзаҳмадович

  Гулов Аҳмад Файзаҳмадович дар таърихи 09.08.1977 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфта, пас аз хатми донишгоҳ дар соҳаи алоқа фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Аз соли 2013 дар Шӯъбаи иттилоотӣ-техникӣ ба ҳайси муҳандис кор кардааст.
  Аз соли 2010 вазифаи сардории Шӯъбаи иттилоотии муассисаро ба дӯш дорад.