Таърихи почта

Таърихи почтаи тоҷик

  Алоқа почта аз қадимтарин анвои васоили иртиботӣ аст, ки дар аҳди қадим падид омадааст. Мардум ҳанӯз аз он замон ба он ниёзманд буданд. Пайдоиш ва ташаккули алоқаи почта, аслан, ба давлат марбут аст. Он ҳамчун василаи иртибот барои давлат зарур буд ва дар Осиёи Миёна дар асрҳои V – VI-и қабл аз мелод ба вуҷуд омадааст.
Давлатҳои абарқудрати аҳди қадим Ошур, Миср, Форс, Рум почтаи пешрафтаи муташаккил доштанд. Қосидон дар роҳу пайроҳаҳо шабу рӯз рафтуо дошта, ҳамдигар ва ҳайвоноти савории хешро дар истгоҳҳои махсусан барои ин сохта иваз мекарданд. Истилоҳи “почта” аз ибораи лотинии «mansio  pozita» — “истгоҳ дар маҳал” ба вуҷуд омадааст. Тарзи мусобиқавии расондани нома аз қосид ба қосид собиқаи 2500 сола дорад.
Дар давлатҳои қадимӣ, асосан, почта муросилоти давлатиро интиқол медод. Дар замони ҳукумати арабҳо дар Осиёи Миёна дар аҳди Умари II (717 – 720 баъд аз мелод) деҳқони суғдӣ Абдураҳмон ибни Сорӣ “соҳибулбарид”  — сардори идораи почта буд. Дар даврони ҳукмронии халифаҳо, умарои сомонӣ, хусусан, хулафои аббосӣ (Мансур (754 — 775), Маҳдӣ (775 — 785), Ҳорунаррашид (786 — 809), Маъмун (813 — 833) низоми мутамаркази идоравӣ вуҷуд дошт ва он аз девонҳо иборат буда, девони барид ба умури почта махсус буд.
Сарвари ин девон соҳиб номида шуда, дар шаҳрҳо маъмурони хешро дошт. Маъмурон қосидон ва аспони зиёд дар ихтиёр дошта, мутеи ҳокимони маҳаллӣ набуда, мустақиман аз девон амр мегирифтанд. Вазифаи онҳо сареъ расонидани амру фармон ва ахбори давлатӣ ба гӯшаҳои давлат буд. Ба ҷуз ин, онҳо ваколати махсус – махфиёна расондани маълумот дар бораи рафтору амали маъмурони маҳаллии давлатиро доштанд.
Алоқаи почта дар замони ҳукумати муғулон дар Осиёи Миёна (асри XIII) аз ин мутафовит буд. Аз шаҳрҳои марказӣ хоқонҳо дар тӯли роҳҳои калон то сарҳадҳои давлат қароргоҳҳо (ям) сохта, тавассути дастаи махсуси сарбозон муҳофизат мешуданд. Онҳо аз якдигар 15 – 20 масофа дошта, дар онҳо қосидон (ямчиҳо) аспҳояшонро иваз мекарданд. Дар баъзе ҳолатҳо қосидон (ямчиҳо) тамғаи хонӣ (пайсзӣ) доштанд ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмини заруриёти эшон ӯҳдадор буданд. Дар замони ҳукумати муғулон алоқаи почта дар ихтиёри мансабдорони алоҳида, ки хадамоти махсуси дарборо ба ӯҳда доштанд, қарор гирифта буд. Масалан, дар замони ҳукмронии Мункихон (Қоон) (1251 — 1259) почтаи давлатӣ дар ихтиёри котиби асосии хон Булға-Оқу буд.

Назари хешро нависед

Your email address will not be published.


*


* Copy This Password *

* Type Or Paste Password Here *