Бастаҳо дар шӯъбаҳои «Почтаи тоҷик» мутобиқ ба андозаҳои ҷоиз пазируфта шуда, ба дохил ва хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Бастаҳо се навъ: одӣ, фармоишӣ ва арзишнок буда, ҳаҷми онҳо бояд на бештар аз 35 сантиметр дарозӣ, баландӣ, бар ва на камтар аз андозаи 10 сантиметр дарозӣ ба 5 сантиметр баландӣ бошад. Бастаҳои дарозшакл бояд 70 сантиметр дар доираи диаметрии 15 сантиметр, дар ҳолатҳои ҷудогона, хусусан, дар ҳолате, ки ашё катъ карда намешавад, то 1,5 метр бошанд.
Нархи ирсоли бастаҳо тавассути почта:
Навъи бастаҳо |
Маблағи пардохт (сомонӣ, дирам) |
||
|
Ба воситаи нақлиёти |
Истифодаи якҷоя |
|
заминӣ |
ҳавоӣ |
|
|
Бастаҳои одӣ то 100 грамм |
0-55 |
0-70 |
1-25 |
Бастаҳои супоришӣ то100 грамм |
0-60 |
0-75 |
1-35 |
Бастаҳои арзишнок то 100 грамм |
0-70 |
0-80 |
1-50 |
Барои ҳар 20 грамми изофӣ то 100 гр |
0-15 |
0-15 |
0-15 |
Намунаи пур кардани баста:
Ба таваҷҷӯҳи муштариён!. Тарзи дуруст пур кардани варақахои почтавӣ боиси саривақт дастрас намудани муросилотатон мегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми пур кардани варақаҳо дақиқназар бошед!.
Огоҳӣ:
Барои фиристодани бастаҳо қоғаз, картон, халтаҳои полиэтиленӣ, қуттиҳои қоғазӣ истифода мешаванд.