Низоми иттилоърасонӣ дар замони қадим ташаккул ёфт ва яке аз чунин ташкилотҳои идории боназм дар аҳди Ҳахоманишиён таъсис дода шуд, ки бархе аз муаррихон ин хонадонро асосгузори низоми почта хондаанд. Чопархонаҳои сохтаи эшон дар гӯшаҳои давлат иттилоот ва муросилоти давлатиро мерасонданд ва таъсисгузори чопархонаи нахустин Дориюши аввалро мешуморанд.
  Пас аз фатҳи сарзаминҳои иронӣ аз ҷониби мусалмонон ҳукуматҳои исломӣ ин низомро аз ҳукуматҳои пешини иронӣ ҷуброн намуда, идораи махсус ба он “Девон-ул-барид”-ро сохтанд. Дар замонҳои баъдӣ, пас аз таназзули ин ҳукуматҳо давлатҳои миллӣ арзи вуҷуд карданд ва ин низомро маҳфуз доштанд. Хусусан, Давлати Сомониён чунин шабакаи иртиботии мунтазами хеш “Девон-ул-барид”-ро таъсис дод.
  Девони барид ташкилоти махсуси давлатӣ буд ва вазифаи он таъмини иртибот байни марказу вилоятҳо, расондани сареи гузоришу рӯйдодҳои муҳим,  ирсоли паёму номаҳо, расондани амру фармонҳои давлатӣ, ҳамлу нақли молу колои давлатӣ ва баъзан хусусӣ буд, ки дар раъси он “Соҳиб-ул барид” қарор дошт. Соҳиб-ул-барид дар марказ ва кормандони ӯ “Асҳоб-ул-барид” дар шаҳру музофот буданд, ки аз ӯ итоат карда, корҳои марбут ба ин созмонро анҷом медоданд. Муросилот ба кормандони махсуси пиёда ва савора супурда мешуданд ва вазифаи онҳо босуръат расондани он буд.
  Ба ҷуз расондани муросилоти давлатӣ Соҳиб-ул-барид вазифаи ҷосусиро бар ӯҳда дошт. Аз ин ҷиҳат, мақому мартабаи махсус ва вазифаи ҳассос дошт. Бо амир ҳамвора дар иртибот буд. Ӯ ду вазифаи муҳимро ба дӯш дошт: номарасонӣ ва таҷассус. Ба василаи кормандони зердасташ дар шаҳру навоҳии давлат иттилооти мухталифро аз кору афъоли кормандони давлат, вазъи зиндагии мардум ҷамъ меоварданд. Аз кору фаъолияти қозиён ва дигар маъмурони давлатӣ аз дигар манотиқ ба марказ махфӣ иттилоъ медоданд.

  Пайнавишт: Вожаи “барид” дар луғатҳо “номарасон”, “пайк”, “чопар” маънидод шудааст. Муассисаи баридро “Девон-ул-барид, “Чопархона”, “Номарасонӣ” меномиданд.

Девони барид