Дар шӯъбаҳои почта интиқоли пулӣ ба амал оварда мешавад. Интиқоли пулӣ тавассути почта роҳи сода ва осонӣ интиқоли маблағҳо ба дигар минтақаҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишварҳои хориҷии дур ва наздик мебошад.

Навъҳои интиқоли пулӣ:

1. Интиқоли маъмулӣ тавассути почта ба манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Интиқоли электронӣ (Интиқоли байналмилалии пул).

Шартҳои интиқоли пулӣ:

  Интиқоли байналмилалии пул дар байни давлатҳое, ки бо КВД “Почтаи тоҷик” дар асоси шартнома мувофиқа кардаанд, ба амал оварда мешавад. Маблағи интиқол бо пули миллӣ (сомонӣ) қабул карда шуда,  бо асъори хориҷӣ аз рӯи қурби ҳамонрӯза муайяннамудаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи амалиёт табдил дода мешавад. Маблағи пардохти ҳаққи  хизматрасонии почта 0,6%-ро ташкил медиҳад.

Рӯйхати кишварҳое, ки ба онҳо тавассути “Почтаи тоҷик” интиқолҳои пулӣ (фиристодан ва гирифтан) анҷом додан мумкин аст:

Кишвар

 

Навъи
интиқол
Миқдори маблағи муҷоз дар як интиқол
Арманистон интиқоли электронӣ 1000 $
Озарбойҷон интиқоли электронӣ 1000 $
Белорус интиқоли электронӣ 1000 $
Гурҷистон интиқоли почтавӣ 200 $
Қазоқистон интиқоли электронӣ 1000$
Қирғизизтон интиқоли электронӣ 1000$
Малдова интиқоли электронӣ 1000$
Русия интиқоли электронӣ 1000$
Туркманистон интиқоли почтавӣ 200$
Туркия интиқоли почтавӣ 200$
Украина интиқоли электронӣ 1000$
Узбекистон интиқоли электронӣ 1000$

  Бо кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизизтон, Русия, Украина ва Узбекистон интицоли фаврии пул ба роҳ монда шудааст.

Қабули маблағи интиқолӣ

  Маблағ барои нтиқоли пул тавассути почта аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пазируфта мешавад. Ҷараёни интиқол барои шахсони воқеӣ маъмулӣ аст,  бояд миқдори маблағ, суроға ва ному насаб қайд карда шавад.
  Ашхоси ҳуқуқӣ барои интиқол додани пул бояд бланкаи F-112, номи гирандаи маблағ, рақами суратҳисобҳо ва номи бонкҳое, ки дар он ҳисобҳо ҷойгиранд, пешкаш кунанд.
  Барои истифодабаранда аз интиқоли почта хизматрасонии огоҳинома дастрас аст. Интиқолдиҳанда дар бораи гирифтани маблағи фиристодааш аз ҷониби гиранда огоҳинома мегирад.
Ҳамчунин, ҳангоми фиристодани пул, шумо метавонед аз хизматрасонии огоҳиномаи хаттӣ истифода баред, ҳамзамон бо фиристодани пул метавонед огоҳиномаи хаттӣ фиристед. Хизматрасонӣ дар барои интиқоли одӣ ва фаврӣ ройгон аст.

Гирифтани маблағи интиқолӣ

  Гиранда аз шӯъбаҳои алоқа маблағи интиқолшударо бе пардохти ҳаққи хизматрасонӣ мегирад. Барои муштариёни почта хизматрасонии таҳвили пул дастрас аст, ки ходими почта пули фиристодаро ба хонаи гиранда меорад ва ҳаққи хидматрасонӣ 3% аз маблағи интиқолшуда мебошад. Ҳангоми расидани маблағи интиқолӣ ба шӯъбаи почта огоҳинома фиристода мешавад. Агар интиқол аз ҷониби фиристанда тавассути хидматрасонии таҳвил ба хона ба амал оварда шуда бошад, ходими почта пулро ба хона мерасонад.
  Барои гирифтани пул, ба идораи почтаи маҳалли истиқомат мувофиқ ба суроға, бо огоҳинома ва гувоҳномаи шахсӣ бояд ташриф овард. Вакил  аз ҷониби гиранда  танҳо дар сурати пешниҳоди ваколатномаи нотариалӣ метавонад маблағи интиқолиро гирад.
  Интиқоли пулии тавасути почта ба ҷои таъиншуда расида, агар ба сабабе аз ҷониби гиранда гигрифта нашавад, маблағ дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ нигаҳ дошта мешавад. Бо дархости истифодабарандаи хизматрасонӣ ин муддат боз то 30 рӯзи тақвимӣ бо гирифтани ҳаққи нигаҳдорӣ тамдид карда мешавад.
  «Почтаи тоҷик» бо 12 кишвар: Русия (аз 08.10.2010), Арманистон (аз 01.11.2006), Озарбойҷон (аз 03.05.2016), Қазоқистон (аз 26.09.2014), Белорус (аз 10.11.2006), Қирғизистон (аз 28.02.2007), Узбекистон (аз 18.06.2008), Украина (аз 29.01.2008), Туркманистон, Гурҷистон, Молдова, Туркия шартномаи ҳамкорӣ барои интиқоли маблағ ва ирсолпулиҳо бастааст ва дар ояндаи наздик бо кишварҳои Чину Олмон чунин ҳамкориро ба имзо хоҳад расонд.