Дар замони қадим мардум барои интиқоли иттилооти муҳим аз овози одамӣ истифода мекарданд. Интиқоли шифоҳии иттилоот барои мардум нобоб буд, зеро дар масофаҳои дур овози одамӣ шунида намешуд ва барои тақвияти интиқоли садо танаи рустаниҳои дарунковок ва дар давраҳои баъдтар таблҳоро истифода мебурданд. Ба воситаи овози зарбҳои рамзӣ ахборро аз маҳалле ба маҳал мунтақил мекарданд. Ҳамчунин, барои расондани хабаре аз оташу дуд истифода мекарданд (Ҳоло қабилаҳои африқоӣ барои паҳн кардани хабар ба қабоили дигар аз табл истифода мебаранд ва ҳиндувони Канада аз дуд дар асри XX барои ин кор истифода мебурданд).
  Баъди падид омадани хат расми расондани хабар тавассути номаҳо роиҷ гардид, ки онҳоро хаткашонҳои махсус – қосидҳо мерасонданд. Дар ибтидо қосидони пиёдагард ин корро анҷом медоданд. Баъдан барои босуръат анҷом додани мукотибот, фавран расондани хабарҳо аз маҳал ба маҳаллҳои дуру наздик қосидони савора ба адои ин амр маъмур гаштанд.
  Дар аҳди қадим барои расондани фармону пайғомҳои давлатӣ почтаи давлатӣ ба вуҷуд омад ва дар давлатҳои қадимии Байнаннаҳрайн, Миср, Юнон, Форс, Чин, Рум хадамоти почтаи давлатӣ ба хубӣ таъсис дода шуда буд, ки паёмҳои хаттӣ аз ҷониби қосидони пиёдаю савора мисли сабқат (эстафета) расонда мешуданд: қосид номаро то маҳалле расонда, ба қосиди дигар медод ва ӯ онро то маҳалли баъдӣ ба қосиди мунтазир мерасонд.
  Дар ибтидо почта дар хизмати давлат буд ва барои гирифтани ахбор аз гӯшаву канораҳои давлат воситаи муҳим буд. Почтаи давлатии Мисри қадим кӯҳантарин ва хуб созмондодатарин буд, ки деворнақшҳои бозёфта аз вуҷуди бештар аз сеҳазорсолаи он бозгӯӣ мекунанд. Қосидони махсуси пиёдаву савора ахбору пайғомҳоро босуръат ба гӯшаҳои қаламрави давлат ва давлатҳои ҳамсоя, ба қитъаҳои дигар мерасонданд. Барои расондани номаҳо кабутаронро ҳам истифода мебурданд.
  Дар Юнони қадим низоми почтаи заминӣ ва баҳрӣ таъсис дода шуда буд. Қосидони даванда дар як соат то 10 км масофаро тай мекарданд. Маъруфтарин қосиди он аҳд Филиппид буд, ки ба ривояти Плуторх барои расондани хабари пирӯзии юнониён бар форсҳо дар ҷанги Марафон то Афина давида, хабарро расонда, аз бемадорӣ ҷон медиҳад. Дар хизмати почтаи давлатӣ гурӯҳҳои қосидони савора (бо аспу шутур) буданд.
  Дар Руми қадим ба ҷуз почтаи давлатӣ ашрофон низ қосидони хешро доштанд. Ҳокимони Рум почтаи муташаккил ва муҷаҳҳази хешро доштанд, ки ходимони зиёд ва ҳайвоноти боркаш дар хизмати он буданд. Ҳамчунин, почтаи баҳрӣ доштанд. Барои иваз намудани ҳайвони боркаш ва осудани чопарон дар тӯли шоҳроҳҳо дар фосилаи якрӯзароҳ истгоҳҳо сохта шуданд, ки қосидон дар онҳо истироҳат карда, ҳайвоноти боркашро иваз мекарданд. Ба ҷуз нома барои кашондани баста, сандуқ ва дигар борҳо фойтунҳоро ба кор мебурданд. Тавассути почтаи давлатии Рум мукотиботӣ шахсӣ низ фиристода мешуданд ва почтаи Рум боэътимод ва хуб ҳифозатшуда буд.
  Почтаи Чини қадим таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Қосидони пиёда ва савора фаъолият дошта, дар фосилаҳои наздик истгоҳҳо барои осоишу таомхӯрӣ ва дар фосилаҳои дур истгоҳҳо барои шабгузаронӣ мавҷуд буданд.

Почта дар аҳди қадим