Маълумоти умумӣ оид ба истифодаи нархномаи  № 125 – ТАД- 2ХА

«Нархҳои  хизматрасонии почта»

  1. Дар нархномаи мазкур нархҳои хизматрасонии почта дарҷ шудаанд. Нархҳои хизматрасонии почта бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз «4» ноябри соли 2016, №88 пазируфта ва аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.Дар амал ҷорӣ карда шавад аз 1 декабри соли 2016.
  2. Нархҳои нархномаи зикршуда дар ҳудуди Ҷумҳури барои сохтори муассисаҳои  КВД «Почтаи тоҷик»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон  истифода  бурда мешаванд.
  3. Нархҳо бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда таҳия карда шудааанд.
  4. Бо сабаби амали гардидани нархномаи  мазкур,  нархномаи  № 125 – ТАД  1ХА «Нархҳои хизматрасонии почта», ки аз ҷониби Хадамоти алокаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, ки 24 апрели  соли  2012 тасдиқ гардида буд, аз эътибор соқит дониста шавад.

Эзоҳ: Хизматрасонии универсалӣ(универсальная услуга) барои аҳолӣ минбаъд  хизматрасонии имтиёзнок  нишон дода мешавад.

Қисми  1

 Хизматрасонии имтиёзнок барои аҳолӣ 

Нархҳои хизматрасонии имтиёзнок барои қабули муросилоти почта дар дохили ҷумҳурӣ

Нархҳои хизматрасонии имтиёзноки муросилоти байналхалқии почта барои кишварҳои хориҷии наздик

Нархҳои хизматрасонии имтиёзнок доир ба қабули муросилоти байналхалқии почта барои кишварҳои хориҷии дур

Тавзеҳот

  Хизматрасонӣ ба аҳолӣ оид ба қабули муросилоти мукотиботӣ вазнашон то 100 грамм мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи почта» моддаи  22 (Қарори Маҷлиси Милли Маҷлиси Олӣ № 143 аз  16 июли соли 2003) ва руйхати тасдиқ гардидаи хизматрасонии имтиёзнок (Қарори Ҳукумати ҶТ № 185 аз 30 апрели соли 2004)қисми 1 ба роҳ монда шудааст.

 Қисми  II

    Барои аҳолӣ зиёда аз 100 грамм

Нархҳои хизматрасонӣ доир ба қабули муросилоти почта дар дохили ҷумҳурӣ

Эзоҳ:  Барои равонакҳои бо ишораи «бо эҳтиёт», ҳаҷмашон калон (андозаҳои калон), инчунин вазнашон зиёда аз 10 кг, ки тақсимнашавандаанд, барои вазн бо таври илова ба 100 % маблағҳои пардохт  гирифта мешавад.

Нархҳои хизматрасонии муросилоти байналхалқии почта барои кишварҳои хориҷии наздик

Нархҳои хизматрасонӣ доир ба қабули муросилоти байналхалқии почта барои кишварҳои хориҷии дур

Қисми  III

Соҳаи хоҷагии халқ

Нархҳои хизматрасонӣ  доир ба қабули муросилоти почтаи  дохили  ҷумҳурӣ

Нархҳои хизматрасони муросилоти байналхалқии почта барои кишварҳои хориҷи наздик

Нархҳои хизматрасонӣ доир ба қабули муросилоти байналхалқии почта барои кишварҳои хориҷии дур

Хизматрасониҳои махсус барои муросилоти байналхалқии почта

                                       Қисми IV

Нархнома оид ба фиристонидани равонакҳои байналхалқӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи наклиёти заминӣ

Нархнома барои фиристодани равонакҳои байналхалқӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ

Эзоҳ:

Маблағҳои иловагӣ барои ирсол намудани равонакҳои байналхалқӣ аз ҷойи қабул  то Маркази мубодилаи Почтаи байналхалқӣ монанди нархҳои барои равонакҳои  дохили ҷумҳурӣ  гирифтан лозим аст.

  1. Аз ирсолкунанда ғайр аз маблағҳои пардохт бо назардошти вазни муросилоти почтаи фиристонидашаванда боз маблағҳои дигар низ пардохта мешавад, аз ҷумла:

а) Оид ба расмият  даровардани назорат барои ҳамаи равонакҳо.

б) Доир ба таъминоти бимавӣ ва эъломияи арзиш  барои равонакҳои арзишнок

в) Ҳангоми қабули равонакҳо бо маводҳои зудшикан, ҳаҷмашон калон (андозаҳои калон), инчунин вазнашон зиёда аз 10 кг, тақсим ҷудонашаванда  ба мамлакатҳое, ки фиристонидани чунин равонакҳо иҷозат дода шудааст  аз ирсолкунанда ба таври илова барои ҳаҷми калон ба андозаи 100%  маблағ пардохта мешавад.

Маълумотҳои   иловагӣ

Доир ба татбиқи нархномаи  № 125-Тад-2ХА барои хизматрасонии почта, ки аз 1 декабри соли 2016 мавриди амал мегирад.

  Барои дохили ҷумҳурӣ ҳангоми қабули муросилоти почта нархҳои зерин татбиқ карда мешавад:

—  Байни шаҳрҳои Душанбе  ва Хуҷанд ва Хоруғ бо воситаи нақлиёти ҳавоӣ.

—   Байни шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ ва вилояти Хатлон  бо воситаи нақлиёти заминӣ;

—  Байни шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Бадахшони          

Кӯҳистон бо истифодаи якҷояи нақлиётҳо (комбинированный);

 —  Байни ноҳияҳои тобеъи марказ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Бадахшони Кӯҳистон бо истифодаи якҷояи  нақлиётҳо (комбинированный);            

 Барои хориҷи наздик:

 —  Аз шаҳрҳои Душанбе, Худҷанд ва Хоруғ  ба шаҳрҳои  Москва, Алмаато ва Бишкек  ба воситаи нақлиёти ҳавой;

Аз  тамоми манотқи ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо ва шаҳру ноҳияҳои      давлатҳои Россия, Қазоқистон  ва Қирғизистон бо истифодаи якҷояи  

Мисол: 

  •  Дар вақти қабули мактуб аз шаҳри Чкаловск ба  суроғаи ноҳияи Рашт маблағи пардохт бо тарзи истифодаи  якҷояи нақлиёт  (комбинированный);гирифта мешавад;
  • Аз ноҳияи [исор ба шаҳри Душанбе ё шаҳри Сарбанд- бо воситаи нақлиёти заминӣ
  • Аз Ишкошим ба шаҳри Хуҷанд – бо тарзи  истифодаи якҷояии нақлиёт (комбинированный);
  • Аз шаҳри Панҷакент  ба шаҳри Алмаата – бо тарзи истифодаи якҷояи нақлиёт (комбинированный);
  • Аз шаҳри Хоруғ ба шаҳри Москва – бо воситаи нақлиёти ҳавоӣ.