ДИРӮЗУ ИМРӮЗИ ПОЧТАИ ТОҶИК

Агар ба таърихи хидматрасонии почта дар гузашта назар андозем, мебинем, ки дар давраи давлатдории Сомониён шаклгирии почта хусусияти давлатӣ касб кард. Барои анҷоми корҳои муҳими давлатӣ, ба ҳам ҷӯр сохтани робита бо мардум ва ҳамсояҳо “Девон-ул-барид” таъсис дода шуда буд. То ин давра низ мукотиба миёни мардум ба василаҳои гуногун сурат мегирифт. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи худ — “Чеҳраи мондагор” ишора кардаанд, ҳанӯз бо фармони Дорюши Бузург 2500 сол пеш аз ин дар ҷаҳон нахустин почта бо номи “Чопар” бо назму тартибу хос таъсис ёфта буд. Нисбат ба номарасонҳо ин нукта шуҳрат дошт: “На гармӣ, на сармо, на барфу борон, чопорро аз рафтан боз намедорад”. Таъсиси Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон 9 октябри соли 1924 ба фаъолияти почтаи тоҷик асос гузошт. Тули беш аз як аср Почтаи Тоҷикистон дар хидмати мардум буда, таърихи он пур аз корномаю фидокориҳост. Cоли 1929 Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт ва соли 1930 аввалин ташкилоти почта дар шаҳри Сталинобод- Душанбеи ҳозира бо 17 корманд ва 27 шуъбаи ноҳиявӣ ба фаъолият оғоз намуда, минбаъд доираи фаъолияти он густардатар гардид ва рушд ёфт. Ногуфта намонад, ки моҳи октябри соли 1930 дар ҳайати 10 нафар Раёсати алоқаи ҷумҳурӣ созмон ёфт, ки 27 шуъбаи алоқаи ноҳиявиро муттаҳид мекард. То соли 1938 дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 6 адад қуттии почта ба қайд гирифтп шуда буд ва он ба 44 адад расонида шуд. Дар шаҳрҳои Кулоб, Хуҷанд, Истаравшан, ноҳияҳои Вахш, Шаҳритуз ва қисматҳои ғарбӣ-шарқии Тоҷикистон шуъбаҳои почта ифтитоҳ ёфтанд. Хидмати почта дар солҳои мушкили Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) басо арзанда ва таърихӣ арзёбӣ мегардад. Танҳо дар соли 1942 зиёда аз 5000 бастабандӣ қабул ва ба воситаи қатораи почта ба майдони ҷанг фиристода шуданд. Марҳилаи рушди минбаъдаи почтаи ҷумҳурӣ ба солҳои 1970 то солҳои 1990 рост меояд. Маҳз дар ин давра биноҳои ду-се ошёнаи шуъбаҳои алоқаи замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин давра миқдори шуъбаҳои почта дар ҷумҳури 590 ададро ташкил медод ва соле то 150 тонна муросилоти почта коркард мешуд, ки ин соҳаи даромадноки соҳа ба ҳисоб мерафт. Барҳамхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, канда шудани робитаҳои иқтисодӣ ва маданӣ, нооромиҳои сиёсӣ, ҷанги бародакушии дохилӣ ба инкишофи почта монеа гашт. Зиёда аз 60 фоизи шуъбаҳои алоқаи почта аз кор монданд, мубодилаи почта 200 баробар кам гардид. Дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ ба мақоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дили мардум гармӣ ва ба кишвари азизамон сулҳи деринтизорро овард. Маҳз баъди ин рӯйдоди таърихӣ барои дар сатҳи нав ва бо диди тоза барои барқарор намудани соҳаи алоқа қадамҳои устувор гузошта шуд. Хисороти ба соҳа расида дар айёми нооромиҳо зина ба зина рафъ гардида, иқтидори пурраи корӣ аз нав барқарор гардид ва сол аз сол он беҳтару хубтар гардида, самтҳои фаъолият густардатар гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли 2025 ба андозаи 18 миллиону 329 ҳазору 103 сомонӣ ба аҳолӣ хидматарсонӣ сурат гирифтааст, ки ин нишондод 130 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад ва нисбат ба соли 2024 4 миллиону 369 азору 447 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми муросилоти содиротӣ ба 9 тоннаю 482 кг баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1 тоннаю 869 кг зиёд аст. Ҳаҷми муросилоти воридотӣ 39 тоннаю 377 кг-ро ташкил медиҳад ва ин нишондод нисбат ба соли 2024 7 тоннаю 180 кг зиёд мебошад. Афзоиши ҳаҷми муросилоти воридотӣ имкон муҳайё месозад, ки ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ фоидаи бештаре насиби КВД “Почтаи Тоҷикистон” гардад. Ҳамчунин, дар соли 2025 шуъбаи почтаи фаврӣ 1458 адад муросилотро ба суроғаҳои нишондодашуда ва 1168 адад номаю бастаҳои мизоҷонро ба дигар давлатҳо фиристодааст. Дар соли 2025 миқдори ирсолпулиҳои дохилӣ 9413 адад буда, маблағи умумии он 4423212 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 626 662 сомонӣ зиёд мебошад. Ба тавсиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” №481 аз 25 сентябри соли 2025 имкониятҳои дигари даромаднокии почтаро муҳайё сохт. Дар заминаи КВД “Почтаи тоҷик”, КВД “Алоқаи махсус” ва КВД “Маркази марка” Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Ҳамаи ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқӣ, сохторӣ, фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, низоми коргузорӣ ба анҷом расонида шуд. Танҳо дар давоми семоҳаи охири соли 2025 аз ҳисоби марка, 240 535 ва аз ҳисоби лиффофаҳо 62248 сомонӣ даромади соф ба даст омад. Маблағи умумии даромад аз нишонаҳои почта 320 783 сомониро ташкил медиҳад. Тавре дар “Стратегияи амали почта дар шароити кунунӣ”, ки Иттифоқи умумҷаҳонии почта (ВПС) нишон додааст, рушди тиҷорати электронӣ аз вазифаҳои асосии почта барои рақобатпазирӣ муайян гардидааст. Хушбахтона, дар соли 2025 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Хадамоти алоқа КВД “Почтаи Тоҷикистон” имкон пайдо намуд, ки ба ин бозор ворид гардад. Маблағи умумии даромадҳои соф аз ин хидматрасониҳо дар семоҳаи чоруми соли 2025 44104 сомониро ташкил дод. Ҳоло дар КВД “Почтаи Тоҷикистон” 4 корхонаи фаръӣ, 63 Маркази “Почтаи Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳо ва 470 шуъбаи почта фаъолият доранд. Маъракаи обуна ва бурда расонидани матбуоти даврӣ аз бахшҳои умдаи фаъолият ва самти даромадноки КВД “Почтаи Тоҷикистон” ба ҳисоб меравад. Дар ин самт маъмурияти корхона ҳамкории барои тарафҳо судмандро бо идораи рӯзномаю маҷаллаҳо ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба роҳ мондааст. Танҳо дар соли 2025 32 миллиону 388 ҳазору 631 нусха рӯзномаю маҷаллаҳо ба обуначиён бурда расонида шуд. Ҳаҷми бори кашондашуда зиёда аз 185 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2024 58 тонна зиёд мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” эълон намуданд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтаем, ки дар баробари ҷорӣ кардани технологияи муосири хидматрасонии почта, боз ҳам боло бурдани сифати хидматрасонӣ, ҳамзамон корҳои ободонию созандагиро дар тамоми бахшҳои корхона ба роҳ монда, дар сарсабзии кишвари азизамон саҳми боризи худро гузорем. Сайдалӣ МИРЗОЗОДА Директори генералии КВД “Почтаи Тоҷикистон” Бознашр аз маҷаллаи “Алоқа” январ 2026 /№1
НАШРИ НАХУСТШУМОРАИ МАҶАЛЛАИ «АЛОҚА»

Тавре иттилоъ доред, бо таҷдиди низоми сохтории Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маҷаллаи Алоқа” ба фаъолияти хеш оғоз намуд, ки таҳия ва нашри маҷаллаи “Алоқа” яке аз самтҳои умдаи фаъолияти он мебошад. Маҷаллаи “Алоқа” нашрияи расмии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади инъикоси масъалаҳои муҳимми рушди соҳаи алоқа, раванди рақамикунонӣ, навовариҳо, таҳлилҳои касбӣ, фаъолияти зерсохторҳо, фаъолияти ширкатҳои мобилӣ, интернет-провайдерҳо ва дигар масоили муҳимми рӯз таъсис ёфтааст. Инак, дар оғози соли нави 2026 шумораи нахустини нашрияи мавриди назар бо теъдоди 1000 нусха ва бо сифати баланд ба нашр расид, ки ин падидаро ба кулли хонандагон, ба хосса кормандони соҳаи алоқа сидқан табрик мегӯем. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва мавзуъҳои “Рисолати хадамот – хидмат ба халқ”, “Хадамоти алоқа дар низоми нав”, “Дирӯзу имрӯзи почтаи тоҷик”, “Тоҷиктелеком – оператори миллӣ”, “ORIZ – нахустмессенҷери миллӣ”, “Душанбе – шаҳри ҳушманд”, “Шаҳри ҳушманд ва имкониятҳои он”, “5G ва тафовути асосии он аз 4G”, “Нақши рақамикунонии сайёҳӣ”, “Аз таърихи алоқа”, “Ҷавонон – ҳамқадами замон”, “Сада – ҷашни чиллаи хуршед, яъне ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ” ва хабару гузоришу маълумотҳои ҷолиб муҳтавои умдаи шумораи якуми маҷалларо ташкил медиҳад. Ба хотири гуногунрангӣ ва хубтару ҷолибтар гардидани муҳтавои нашрия ҳайати эҷодии маҷалла мутахассисони варзидаи соҳаи алоқа, олимону донишмандон, аҳли адаб ва муҳаққиқону пажӯҳишгаронро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.
Дар Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 баргузор гардид

28 январи соли 2026 дар бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар соли 2025 баргузор гардид. Дар нишаст Роҳбарият, сардорони раёсатҳо ва зерсохторҳои Хадамоти алоқа, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони аввали ширкатҳои мобилӣ ва беш аз 50 намояндаи ВАО иштирок намуданд. Сардори Хадамоти аалоқа Исфандиёри Саъдулло аз натиҷаҳои асосии фаъолияти соҳа, иҷрои барномаҳои давлатӣ, ҷорӣ намудани лоиҳаҳои рақамисозӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои алоқаи дохиливу хориҷӣ иттилоъ дод. Таъкид гардид, ки дар соли 2025 Хадамоти алоқа ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи алоқа, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, густариши интернет, беҳтар намудани сифати иртиботи мобилӣ ва татбиқи технологияҳои муосир тадбирҳои муҳим амалӣ намуд. Зимни нишасти матуботӣ аз ҷониби рӯзноманигорон беш аз 30 савол пешниҳод гардида, Сардори Хадамоти алоқа ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух гуфт. Дар ҷараёни нишаст намояндагони ВАО вобаста ба масъалаҳои марбут ба нархи хизматрасониҳо, сифати интернет, фарогирии шабакаҳои мобилӣ дар минтақаҳо, истифодаи технологияҳои нав ва нақшаҳои минбаъдаи Хадамоти алоқа саволҳо пешниҳод намуданд, ки ба ҳамаи онҳо посухҳои муфассал дода шуданд. Дар фарҷом таъкид шуд, ки Хадамоти алоқа минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, дастрасии бештари аҳолӣ ба интернети босифат ва рушди устувори соҳа чораҳои иловагӣ меандешад.
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди телекоммуникатсия ба имзо расид

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар рушди иттилоотикунонӣ (информатизатсия) байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd. баргузор гардид. Ёддошти тафоҳум аз тарафи Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Садулло ва Раиси Шӯрои директорони Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd. Ҳан Сяохан ба имзо расониданд. Санади мазкур ҳамчун замина барои баррасӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, навсозии инфрасохтори рақамӣ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Ёддошти тафоҳум дар доираи шарикии стратегии ҳамаҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар марҳилаи нави рушд ба имзо расида, ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, инчунин ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ» мутобиқат мекунад.
Чорабинии канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» дар доираи Саммити «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон»

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ҷиҳати иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои «Муколаммаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ҳамчун ҷаласаи сатҳи олӣ ва қолаби бисёрҷонибаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ, як қатор чорабиниҳо ва мулоқотҳои дуҷониба баргузор гардиданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар самтҳои калидӣ равона шуда буданд. Аз ҷумла, 18 декабри соли равон дар шаҳри Токио дар доираи Саммити «Муколаммаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон», бо мақсади муаррифии зарфиятҳо ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои телекоммуникатсияву алоқа ва технологияҳои рақамӣ чорабинии канорӣ таҳти унвони «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур масъулини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба рушди инфрасохтори соҳаи алоқа ва технологияҳои телекоммуникатсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла соҳаи алоқа ва телекоммуникатсия равона гардида, дар он як қатор ширкатҳои хизматрасон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона доштанд.. Намояндагони ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳо ва доираҳои соҳибкории Ҷопон вохӯриҳои судманд анҷом дода, таҷрибаи пешқадам, имкониятҳои ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак ва маҳсулоту хизматрасониҳои худро муаррифӣ карда, зимнан масъалаҳои рушди стартапҳо, ҷалби сармоягузорӣ, содироти хизматрасониҳои рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши робитаҳои мустақими тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Баргузории чорабинии «Tajik-Japan Digital Business Connect» қадами муҳим дар самти муаррифии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар соҳаи технологияҳои телекоммуникатсионию алоқа арзёбӣ гардида, он ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушду такмил, таҷдиди инфрасохтор ва пешниҳоди хизматрасониҳои дорои сатҳу сифати баланд дар соҳаи алоқа ва интернети фарогиру босуръат, мусоидат хоҳад намуд. Мавриди зикри хос аст, ки иштироки Хадамоти алоқа дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ азми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати рушду навсозии инфрасохтори алоқа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои пешрафта бозгӯ менамояд.