28 январи соли 2026 дар бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар нишаст Роҳбарият, сардорони раёсатҳо ва зерсохторҳои Хадамоти алоқа, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони аввали ширкатҳои мобилӣ ва беш аз 50 намояндаи ВАО иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти аалоқа Исфандиёри Саъдулло аз натиҷаҳои асосии фаъолияти соҳа, иҷрои барномаҳои давлатӣ, ҷорӣ намудани лоиҳаҳои рақамисозӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои алоқаи дохиливу хориҷӣ иттилоъ дод.
Таъкид гардид, ки дар соли 2025 Хадамоти алоқа ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи алоқа, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, густариши интернет, беҳтар намудани сифати иртиботи мобилӣ ва татбиқи технологияҳои муосир тадбирҳои муҳим амалӣ намуд.
Зимни нишасти матуботӣ аз ҷониби рӯзноманигорон беш аз 30 савол пешниҳод гардида, Сардори Хадамоти алоқа ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух гуфт.
Дар ҷараёни нишаст намояндагони ВАО вобаста ба масъалаҳои марбут ба нархи хизматрасониҳо, сифати интернет, фарогирии шабакаҳои мобилӣ дар минтақаҳо, истифодаи технологияҳои нав ва нақшаҳои минбаъдаи Хадамоти алоқа саволҳо пешниҳод намуданд, ки ба ҳамаи онҳо посухҳои муфассал дода шуданд.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки Хадамоти алоқа минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, дастрасии бештари аҳолӣ ба интернети босифат ва рушди устувори соҳа чораҳои иловагӣ меандешад.
