Тавре иттилоъ доред, бо таҷдиди низоми сохтории Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маҷаллаи Алоқа” ба фаъолияти хеш оғоз намуд, ки таҳия ва нашри маҷаллаи “Алоқа” яке аз самтҳои умдаи фаъолияти он мебошад.

Маҷаллаи “Алоқа” нашрияи расмии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади инъикоси масъалаҳои муҳимми рушди соҳаи алоқа, раванди рақамикунонӣ, навовариҳо, таҳлилҳои касбӣ, фаъолияти зерсохторҳо, фаъолияти ширкатҳои мобилӣ, интернет-провайдерҳо ва дигар масоили муҳимми рӯз таъсис ёфтааст.

Инак, дар оғози соли нави 2026 шумораи нахустини нашрияи мавриди назар бо теъдоди 1000 нусха ва бо сифати баланд ба нашр расид, ки ин падидаро ба кулли хонандагон, ба хосса кормандони соҳаи алоқа сидқан табрик мегӯем.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва мавзуъҳои “Рисолати хадамот – хидмат ба халқ”, “Хадамоти алоқа дар низоми нав”, “Дирӯзу имрӯзи почтаи тоҷик”, “Тоҷиктелеком – оператори миллӣ”, “ORIZ – нахустмессенҷери миллӣ”, “Душанбе – шаҳри ҳушманд”, “Шаҳри ҳушманд ва имкониятҳои он”, “5G ва тафовути асосии он аз 4G”, “Нақши рақамикунонии сайёҳӣ”, “Аз таърихи алоқа”, “Ҷавонон – ҳамқадами замон”, “Сада – ҷашни чиллаи хуршед, яъне ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ” ва хабару гузоришу маълумотҳои ҷолиб муҳтавои умдаи шумораи якуми маҷалларо ташкил медиҳад.

Ба хотири гуногунрангӣ ва хубтару ҷолибтар гардидани муҳтавои нашрия ҳайати эҷодии маҷалла мутахассисони варзидаи соҳаи алоқа, олимону донишмандон, аҳли адаб ва муҳаққиқону пажӯҳишгаронро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

Ибрози назар кардан

Email-и Шумо мунташир нахоҳад шуд. Обязательные поля помечены *