Вохӯрӣ бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии почта (UPU)

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Берн бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии почта (UPU) Метоки Масаҳико мулоқот намуд. Зимни мулоқот, тарафҳо роҷеъ ба сатҳи рушди соҳа дар Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои Созмон ҷиҳати пешбурди соҳаи алоқа дар кишвар тавассути рақамикунонии хизматрасониҳои почтавӣ дар ҳамаи марҳила ва таҳкими хамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва шарафу ифтихори миллӣ самимона табрик мегӯям. Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад. Ҳамчунин, парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад. Барафрохтани парчами давлатӣ дар тамоми давру замонҳо бо эҳсоси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба ҳувияти миллӣ робитаи мустақим дорад. Таърихи парчамдории мо – тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад. Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номуси ориёитаборон парафшонӣ кардааст, дар адабиёти оламшумули мо ҷойгоҳи хосса дорад. Беҳтарин намунаи онро дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мебинем: Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ, Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ. Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш, Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш». Фирдавсии бузург умеду орзу ва ормонҳои мардумро тавассути рангҳои парчам таҷассум карда, ба ин васила ҳамватанону ҳамзамонони худро барои ҳифзи сулҳу субот, марзу бум ва таъриху фарҳанги хеш ҳидоят намудааст. Имрӯз ин суннати деринаи миллӣ дар ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи шоистаи худро дарёфтааст. Яъне он садое аз таърихи гузаштаи миллати сарбаланди мо буда, ба ҳар шаҳрванд ёдовар мешавад, ки парчами давлатӣ рамзи истиқлол аст ва истиқлол натиҷаи муборизаву талошҳои наслҳои гуногуни миллати сарафрози тоҷик мебошад. Бо қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, пояҳои давлатдории навини миллӣ гузошта шуданд. Яъне сию се сол инҷониб мардуми тоҷик зери ин парчами ваҳдатофар дар оромиву осоиш, амнияту субот умр ба сар мебаранд ва кишвари худро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ободу зебо гардонида, дар арсаи олам машҳур карда истодаанд. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифгари кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад. Он чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад. Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд, онҳо на танҳо номи шахсии худ, балки номи Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоянд. Ҳар пирӯзӣ ва ба ифтихори он баланд шудани парчами давлативу садо додани Суруди миллӣ ва шодии ҳазорон варзишдӯсти кишвар ин арзиши миллиро боз ҳам азизу муътабар мегардонад. Ин, бешубҳа, намунаи равшани ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буда, ҳисси ифтихори миллиро дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бедор месозад. Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо эҳтироми парчами давлатиро ба фарзандони хеш ҳамчун нишони муқаддаси Ватан, рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ талқин созем, зеро муҳаббату садоқат ба он таҷассумгари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад. Наслҳои наврас бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки парчами давлатӣ таҷассуми таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ ва ормони ниёгони мо буда, гиромидошт ва парафшон нигоҳ доштани он вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди худшинос ба ҳисоб меравад. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром гузорад, барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон саҳми худро гузорад ва ҳаргиз фаромӯш накунад, ки парчам рамзи номус ва шарафи миллат аст. Мо бояд таҳти ин парчами муқаддас, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллӣ аст, барои ободии Тоҷикистони азиз бо масъулияти баланд заҳмат кашем ва 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем. Бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осоиш ва иқболи нек орзу менамоям. Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз дар доираи Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Саттор Ҳашемӣ баргузор гардид. Исфандиёри Саъдулло қайд кард, ки мулоқоту вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён зимни сафари давлатӣ, ки 15-17 январи соли 2025 баргузор гардид, барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳо такони ҷиддӣ дод. Ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои роуминги байналмилалӣ, воридоти трафики интернет аз Эрон, мубодилаи таҷриба дар соҳаи амнияти киберӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавиро муҳокима намуданд. Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда иброз намуданд.
Мулоқоти роҳбарияти КВД “Почтаи Тоҷикистон” бо намояндагони ширкати чинӣ

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи Тоҷикистон” бо намояндагони ширкати чинии Thoughland International мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи муросилот ва хизматрасониҳои почтавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо таъкид намуданд, ки рушди равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи хуберо барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахши почта ва логистика, фароҳам овардааст. Ҳадафи асосии вохӯрӣ муҳокимаи имкониятҳои муштарак барои беҳтар намудани хизматрасонии интиқоли бор ва ирсоли мактубу посилкаҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва алоқа буд. Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки дар оянда робитаҳои судманд миёни “Почтаи Тоҷикистон” ва шарикони чинӣ боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт ва ба беҳбуди сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Паёмрасони миллӣ ORIZ — гоми муҳим ба сӯйи истиқлоли рақамии Тоҷикистон

Дар давраи рушди босуръати технология ва рақобати ҷаҳонии иттилоотӣ, доштани воситаҳои миллии муошират ба яке аз унсурҳои муҳими истиқлол ва амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Дар ҳамин замина, бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҶСК “Тоҷиктелеком”паёмрасони нави миллӣ бо номи ORIZ ба фаъолият оғоз кард. Ин барномаи муосир барои таъмини иртиботи осон, босифат ва бехатар миёни шаҳрвандони кишвар, тоҷикони бурунмарзӣ ва тамоми корбарони интернет таҳия гардида, ҳадафи он фароҳам овардани муҳити рақамии комилан ватанӣ ва боэътимод мебошад. Дастрасӣ ба ORIZ дар тамоми кишварҳои олам имконпазир аст. Аз назари имконоти корбурдӣ паёмрасони ORIZ имкони ирсоли паёмҳои матнӣ, овозӣ ва видеоиро дар сатҳи баланд фароҳам меорад. Бо истифода аз он, ҳар як корбар метавонад бо наздикон, ҳамкорон ва дӯстони худ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар бе маҳдудият дар тамос бошад. ORIZ имкониятҳои фаровон дорад, аз ҷумла: ирсоли паёмҳои матнӣ ва овозӣ; зангҳои видеоӣ ва овозӣ бо сифати баланд; эҷоди гурӯҳҳо ва каналҳо барои муошират ва ҳамкорӣ; ирсоли файлҳо, аксҳо ва видеоҳоро бе маҳдудият; ташкили видеоконфронсҳо тавассути пайванд, ҳатто бе сабти ном. Ин ҳама имкониятҳо ORIZ-ро на танҳо як паёмрасон, балки платформаи комили ҳамкорӣ ва иртиботи рақамӣ месозанд. Пайвастшавӣ ба ORIZ хеле содда ва дастрас аст. Барнома дар барои телефонҳои Android (дар Google Play), iOS (дар App Store) ва барои компютерҳои Windows ва Mac, инчунин тавассути веб-версия низ дастрас мебошад. Барои сабти ном танҳо рақами телефон лозим аст. Пас аз ворид кардани рақам, ба истифодабаранда як рамз тавассути SMS ирсол мешавад ва бо ворид кардани он — профил фаъол мегардад. Барномаи мазкур универсалӣ аст, ки ҳам барои шаҳрвандони оддӣ, ҳам барои кормандони ширкатҳо, муассисаҳо ва сохторҳои давлатӣ пешбинӣ шуда, имкони кори ҳамоҳангро фароҳам меорад. Яке аз бартарияҳои муҳими ORIZ ин самаранокӣ дар шароити суръати пасти интернет мебошад. Азбаски серверҳо ва маркази маълумоти он дар дохили кишвар ҷойгир шудаанд, корбарон метавонанд ҳатто бо интернети пастсуръат низ паём ирсол кунанд, занг зананд ё видеоконфронс баргузор намоянд. Ин бартарӣ, пеш аз ҳама, барои минтақаҳои дурдасти кишвар ва муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ хеле муҳим аст, зеро аксари барномаҳои хориҷӣ танҳо дар шароити интернети баландсуръат хуб кор мекунанд. Боиси таъкиди хос аст, ки дар чанд соли охир, ҷаҳон шоҳиди ҳодисаҳои зиёде шуд, ки дастрасӣ ба платформаҳои хориҷӣ маҳдуд гардид. Масалан, дар Русия замоне Телеграм ва Вотсап маҳдуд шуданд, ҳазорҳо муҳоҷир барои иртибот бо аҳли оилаи худ дар Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ шуданд. Ин таҷриба нишон дод, ки вобастагӣ аз шабакаҳои хориҷӣ метавонад ба амнияти иттилоотӣ ва иртиботи иҷтимоӣ зарар расонад, зеро серверҳо, маълумот ва сиёсати истифодаи чунин барномаҳо дар ихтиёри кишварҳои дигар қарор доранд ва ҳеҷ кафолати устуворӣ ва дастрасии доимӣ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, таъсиси ORIZ, метавонад як қадами ҷиддӣ ба сӯйи истиқлоли рақамии Тоҷикистон бошад. Он имкон медиҳад, ки додаҳои корбарон дар дохили кишвар ҳифз шаванд, иртибот бе вобастагӣ аз кишварҳои дигар таъмин гардад, муассисаҳо ва шаҳрвандон дар муҳити амн ва боэътимод муошират кунанд. Ҳамин тавр, ORIZ на танҳо як барнома, балки платформаи миллӣ барои ҳифзи манфиатҳои иттилоотӣ ва истиқлоли рақамии кишвар мебошад. ORIZ бо тарҳи муосир, интерфейси содда ва танзимоти техникии қуллай таҳия шудааст. Метавон умед баст, ки бо барҷаста шудани мавқеи он миёни корбарони дохилию хориҷии интернет барномаи мазкур ба бренди миллии Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ табдил хоҳад ёфт. Пайдо шудани чунин платформаҳо ватанӣ дар шароити рақобати ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон низ метавонад барномаҳои баландсифат ва амнро бо истифода аз иқтидорҳои худ таҳия намояд. Бо итминон метавон, ки аз ҷониби созандагон иқтидор, вазифаҳо ва сохтори ORIZ марҳила ба марҳила барҷастатар мегардад. Дар ояндаи наздик мо шоҳиди афзудани имкониятҳои техникӣ ва функсионалӣ, таъмин кардани истифодаи ройгон аз тариқи тамоми операторони алоқаи кишвар, густариши хизматрасониҳои нав дар бахши амнияти рақамӣ ва ҳамкорӣ хоҳем буд. Ҳадафи Хадамоти алоқа дар ниҳоят табдил додани ORIZ ба платформаи пурқуввати миллии иртибот ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи КВД «Почтаи Тоҷикистон»

Имрӯз дар бинои КВД «Почтаи Тоҷикистон» ҷаласаи корӣ вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи шуъбаву идораҳои зерсохтори Корхона ва вазифаҳо барои семоҳаи чорум, доир гардид. Дар ҷаласа муовини Сардори Хадамоти алоқа, директори генералии КВД «Почтаи Тоҷикистон», роҳбарони почтаҳои вилоятию минтақавӣ ва масъулини дигар зерсохторҳои Корхона, иштирок намуданд. Дар ҷаласа гуфта шуд, ки давоми 9 моҳи соли 2025 4 муассисаи вилоятӣ, 60 маркази алоқаи почтаи шаҳрию ноҳиявӣ ва 470 шуъбаи алоқаи шаҳрию деҳотии почта ба таври нақшавӣ фаъолият намуда, нишондиҳандаҳои назаррас доранд. Илова гардид, ки муросилоти почта ҳафтае 5 маротиба баробари чопи нашрияҳои давлатӣ ба манотиқи ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидааст, ки танҳо дар нуҳ моҳи соли равон ба мизоҷон 27 миллиону 167 ҳазору 952 рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 14 миллиону 442 ҳазору 610 адад зиёд мебошад. Директори генералии КВД «Почтаи Тоҷикистон» зикр намуд, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ва Хадамоти алоқа ба фаъолияти «Почтаи Тоҷикистон», шароити хизматрасонии муросилотӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа меёбанд. Ҳамин боис гардид, ки соли 2025 бо 11 ширкати муросилотии дохилию хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуда, инчунин вохуриҳо бо намояндагони дигар ширкатҳо бо мақсади бастани шартномаҳои ҳамкорӣ доир гардиданд. Давоми соли 2025 бо дастгирии роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад автомашинаи нав барои хизматрасонии почтавӣ харидорӣ гардидааст, ки ба сифати кор таъсири хубе расонидааст. Дар баробари зикри пешравиҳои соҳа, инчунин аз мушкили ҷойдошта дар самти хизматрасонӣ, қарздориҳо аз андозу барқ, вазъи биноҳои шуъбаҳои Почта дар шаҳру ноҳияҳо ва ғайра маълумот ироа гардида, музокираҳо сурат гирифтанд. Барои ҳалли мушкили ҷойдошта тавсияҳо дода шуд. Дар охири ҷаласа роҳбарони ниҳодҳои марбутаи КВД «Почтаи Тоҷикистон» вазифадор карда шуданд, ки соли 2025-ро бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст намоянд. Бахши матбуотии «Почтаи Тоҷикистон»
Форуми байналмилалии “Digital Tajikistan 2025” дар Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 13-уми октябр Форум кори худро дар бахшҳои ҷудогона идома дод. Аз ҷумла, қисмати мавзӯи «Тиҷорати электронӣ. Бозорҳо. Ронандагони асосӣ ва нуқтаҳои нави афзоиш. Логистика ва иҷрои фармоиш, имрӯз» дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он намояндагони соҳаҳои тиҷорати электронию бахши муросилотии кишвар иштирок намуданд. Директори КВД «Почтаи Тоҷикистон» Мирзозода Сайдалӣ дар мавзӯи «Шабакаи почта ҳамчун муҳаррики баробарии рақамӣ: тавсеаи дастрасӣ ба интиқол ва хидматҳо барои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон» баромад намуда, самтҳои нави рушди бахши мурсилоти электронӣ ва роҳҳои дигари дастраснамоии молу маҳсулотро тавзеҳ доданд.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии Почта дар Почтаи Тоҷикистон

Имрӯз дар КВД “Почтаи Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи байналмилалии Почта ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти Хадомоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини КВД “Почтаи Тоҷикистон”, собиқадорони соҳа ва кормандони алоқаю почта иштирок доштанд.Қабл аз чорабинии расмӣ Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло якҷо бо Директори генералии КВД “Почтаи Тоҷикистон” аз раванди корҳои ободонӣ дар толору утоқҳои кории бинои Корхона шинос гардида, барои вусъат додани идомаи корҳои ободонӣ тавсия доданд.Дар ҳамоиши тантанавӣ нахуст Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло баромад намуда аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи алоқа ва почтаи Тоҷикистон ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки кормандони соҳаи Почта аз ҳарвақта дида бояд масъулияти бештар эҳсос намоянд, зеро дар роҳи рушди фаъолияти муросилотӣ дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, инчунин татбиқи стратегияи рушди почта танҳо бо усулҳои муосири соҳавию технологӣ метавон даст ёфт.Директори генералии КВД “Почтаи Тоҷикистон” Сайдалӣ Мирзозода зимни баромади худ қайд кард, ки “Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ барои дар сатҳи нав, бо диди тоза ва талаботи замони муосир мутобиқ сохтани фаъолияти соҳаи алоқа қадамҳои устувор гузошта шуд. Ҳамин буд, ки 60 Марказҳои алоқаи почта, 470 шуъбаҳои алоқаи почта, чор муассисаи вилоятӣ ва дигар муассисаҳои соҳавӣ ташкилу дар сатҳи зарурӣ фаъолият доранд.Дар идомаи ҳамоиши тантанавӣ собиқадорони соҳаи Почта баромад намуда аз шароитҳои имрӯз барои кормандон фароҳамгардида тавсиф намуданд.Аз тарафи КВД “Почтаи Тоҷикистон” собиқадорон ва сармуҳаррирони як қатор рӯзномаҳо бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.Қисмати охири ҳамоишро қадрдонии Роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои соҳавӣ, туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин мукофотонидани роҳбарият ва кормандони КВД “Почтаи Тоҷикистон” бо Медалу ифтихорнома аз тарафи Хадамоти алоқа, хотирмон намуд. Бахши матбуотии КВД “Почтаи Тоҷикистон”
Таъсиси КВД «Почтаи Тоҷикистон» дар арафаи Рӯзи байналмилалии Почта

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2025 таҳти рақами 481 “Дар бораи корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар заминаи муттаҳидшавии КВД “Почтаи тоҷик”, КВД “Алоқаи махсус” ва КВД “Маркази марка” Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Дар заминаи муттаҳидшавии корхонаҳо имкониятҳои рушди якҷоя зиёд гардида дар назар аст, ки бахши муросилотии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар ба марҳилаи нав ворид гардад.Маврид ба зикр аст, ки муросилотии почтавии Тоҷикистон бо номи КВД “Почтаи тоҷик” аз соли 1997 фаъолият мекард. Ҳарчанд ин бахш дар замони шуравӣ низ фаъол буд, аммо он замон асосан бо номҳои шуъбаи стасионарӣ ва идораҳои алоқа корашро пеш мебурд.
«Почтаи Тоҷикистон» ва «Мавсими Расон» фосилаҳоро аз байн мебаранд

КВД «Почтаи Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо ширкати муросилотии «Мавсимирасон» имкониятҳоро барои расонидани дастовез ё худ посилкаи мизоҷ дар саросари кишвар беҳтар намуданд. Ин ширкат айни ҳол дар саросари ҷумҳурӣ 470 нуқтаи қабул дорад. Дар баробари посилка мизоҷ метавонад ба наздикону пайвандон «паёми гарми хона» фиристад. Барои мисол кулчақандҳо аз кишлоқи бобоӣ ба Душанбе, ё ин ки қурут ва гӯштии қоқ аз Хуҷанду меваи хушк ва чормағз аз Вахшу Бадахшонро қабул ва ба суроғаи лозима бирасонад. Ва инчунин либос, лавозимот, техника, туҳфаҳо ва тамоми борҳои худро аз интернет мағозаҳо метавонед равон кунед. Дар сареъу босифат расонидани бори мизоҷ кафолат дода шудааст. Ҳадафи асосии Почтаи Тоҷикистон қуллай ва осон намудани боррасонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он аст, ки маҳз бо бастани шартномаҳо бо ширкатҳои ҷудогона метавон ба он ҳарчи зудтар расид.