Форуми байналмилалии “Digital Tajikistan 2025” дар Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 13-уми октябр Форум кори худро дар бахшҳои ҷудогона идома дод. Аз ҷумла, қисмати мавзӯи «Тиҷорати электронӣ. Бозорҳо. Ронандагони асосӣ ва нуқтаҳои нави афзоиш. Логистика ва иҷрои фармоиш, имрӯз» дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он намояндагони соҳаҳои тиҷорати электронию бахши муросилотии кишвар иштирок намуданд. Директори КВД «Почтаи Тоҷикистон» Мирзозода Сайдалӣ дар мавзӯи «Шабакаи почта ҳамчун муҳаррики баробарии рақамӣ: тавсеаи дастрасӣ ба интиқол ва хидматҳо барои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон» баромад намуда, самтҳои нави рушди бахши мурсилоти электронӣ ва роҳҳои дигари дастраснамоии молу маҳсулотро тавзеҳ доданд.

Таъсиси КВД «Почтаи Тоҷикистон» дар арафаи Рӯзи байналмилалии Почта

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2025 таҳти рақами 481 “Дар бораи корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар заминаи муттаҳидшавии КВД “Почтаи тоҷик”, КВД “Алоқаи махсус” ва КВД “Маркази марка” Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Дар заминаи муттаҳидшавии корхонаҳо имкониятҳои рушди якҷоя зиёд гардида дар назар аст, ки бахши муросилотии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар ба марҳилаи нав ворид гардад.Маврид ба зикр аст, ки муросилотии почтавии Тоҷикистон бо номи КВД “Почтаи тоҷик” аз соли 1997 фаъолият мекард. Ҳарчанд ин бахш дар замони шуравӣ низ фаъол буд, аммо он замон асосан бо номҳои шуъбаи стасионарӣ ва идораҳои алоқа корашро пеш мебурд.