Таърих

Таърихи почтаи тоҷик

  Алоқаи почта аз қадимтарин анвои васоили иртиботӣ аст, ки дар аҳди қадим падид омадааст. Мардум ҳанӯз аз он замон ба он ниёзманд буданд. Пайдоиш ва ташаккули алоқаи почта, аслан, ба давлат марбут аст. Он ҳамчун василаи иртибот барои давлат зарур буд ва дар Осиёи Миёна дар асрҳои V – VI-и қабл аз мелод ба вуҷуд омадааст.
 Давлатҳои абарқудрати аҳди қадим Ошур, Миср, Форс, Рум почтаи пешрафтаи муташаккил доштанд. Қосидон дар роҳу пайроҳаҳо шабу рӯз рафтуо дошта, ҳамдигар ва ҳайвоноти савории хешро дар истгоҳҳои махсусан барои ин сохта иваз мекарданд. Истилоҳи “почта” аз ибораи лотинии «mansio  pozita» — “истгоҳ дар маҳал” ба вуҷуд омадааст. Тарзи мусобиқавии расондани нома аз қосид ба қосид собиқаи 2500 сола дорад.
  Дар давлатҳои қадимӣ, асосан, почта муросилоти давлатиро интиқол медод. Дар замони ҳукумати арабҳо дар Осиёи Миёна дар аҳди Умари II (717 – 720 баъд аз мелод) деҳқони суғдӣ Абдураҳмон ибни Сорӣ “соҳибулбарид”  — сардори идораи почта буд. Дар даврони ҳукмронии халифаҳо, умарои сомонӣ, хусусан, хулафои аббосӣ (Мансур (754 — 775), Маҳдӣ (775 — 785), Ҳорунаррашид (786 — 809), Маъмун (813 — 833) низоми мутамаркази идоравӣ вуҷуд дошт ва он аз девонҳо иборат буда, девони барид ба умури почта махсус буд.
  Сарвари ин девон соҳиб номида шуда, дар шаҳрҳо маъмурони хешро дошт. Маъмурон қосидон ва аспони зиёд дар ихтиёр дошта, мутеи ҳокимони маҳаллӣ набуда, мустақиман аз девон амр мегирифтанд. Вазифаи онҳо сареъ расонидани амру фармон ва ахбори давлатӣ ба гӯшаҳои давлат буд. Ба ҷуз ин, онҳо ваколати махсус – махфиёна расондани маълумот дар бораи рафтору амали маъмурони маҳаллии давлатиро доштанд.
  Алоқаи почта дар замони ҳукумати муғулон дар Осиёи Миёна (асри XIII) аз ин мутафовит буд. Аз шаҳрҳои марказӣ хоқонҳо дар тӯли роҳҳои калон то сарҳадҳои давлат қароргоҳҳо (ям) сохта, тавассути дастаи махсуси сарбозон муҳофизат мешуданд. Онҳо аз якдигар 15 – 20 масофа дошта, дар онҳо қосидон (ямчиҳо) аспҳояшонро иваз мекарданд. Дар баъзе ҳолатҳо қосидон (ямчиҳо) тамғаи хонӣ (пайсзӣ) доштанд ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмини заруриёти эшон ӯҳдадор буданд. Дар замони ҳукумати муғулон алоқаи почта дар ихтиёри мансабдорони алоҳида, ки хадамоти махсуси дарборо ба ӯҳда доштанд, қарор гирифта буд. Масалан, дар замони ҳукмронии Мункихон (Қоон) (1251 — 1259) почтаи давлатӣ дар ихтиёри котиби асосии хон Булға-Оқу буд.
  То замони истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Русия дар миёнаи дуввуми асри XIX дар низоми алоқаи почта дигаргуние ба амал наомад ва он дар ихтиёри маъмурони хонӣ буда, барои расондани амру иттилооти давлатӣ хидмат мекард. Русия пас аз тасхири Осиёи Миёна генералгубернатории Туркистонро таъсис дод ва навоҳии шимолӣ ва Помири Тоҷикистони имрӯза шомили он гардиданд. Дар ин манотиқ низоми почтаи русӣ таъсис дода шуд, ки дар ибтидо барои мансабдорони русу маҳаллӣ хизмат мекард. Дар соири манотиқи имрӯзаи ҷумҳурӣ пас аз ғасби Аморати Бухоро аз ҷониби Русия дар соли 1861 ба вуҷуд омад. Дар қаламрави генералгубернатории Туркистон нуқтаи почта-телеграфи ҳавзаи Туркистон таъсис дода шуда, дар мавриди истифодаи ҳама қарор гирифт.
  Дар соли 1865 аввалин нуқтаи хизматрасонии почта дар шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуд. Нахустин шоҳроҳи почта дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза дар соли 1866 дар байни Хуҷанд ва Тошканд кушода шуд. Дар моҳи марти соли 1867 он ба Нов, Уротеппа, Ҷиззах ва дар соли 1868 ба Самарқанд расид.
  Дар Бухорои Шарқӣ нуқтаи почта дар соли 1913 дар деҳаи Сарои Камар (Панҷи ҳозира) ба вуҷуд омад, ки дар қаламрави 130 км² барои хизматрасонии 600 000 аҳолӣ рост меомад. То он замон дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза дар Хуҷанду Уротеппа идораҳои почта-телеграфӣ, Панҷакент, Конибодом ва истгоҳи Хилково шӯъбаҳои алоқа мавҷуд буда, дар соли 1917 дар Исфара шӯъбаи почта кушода шуд.
  Дар қаламрави Бухорои Шарқӣ муросилоти шахсӣ тавассути корвонҳои тиҷоратӣ ба амал оварда мешуд. Аморати Бухоро алоқаи почтаи давлатиро тавассути нӯкарон ба роҳ монда буд. Шогирд-пошшо барои расондани амру фармон ва дигар супоришоти давлатӣ маъмур буд.
  Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро таҳти тобеияти нозироти (комиссариати) корҳои дохилӣ шӯъбаи алоқаи миллӣ ташкил карда шуд. Таҳти тобеияти ин шӯъба раёсати почтаи нақлётӣ созмон дода шуд.
  Дар соли 1923 тибқи қарори конфронси иқтисодии ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Миёна дар заминаи Комиссариати почта ва телеграфи Ҷумҳурии Шӯравии Туркистон Раёсати алоқаи ҳавзаи осиёимиёнагӣ ва 10 идораи музофотии алоқа созмон дода шуд. Роҳи почтаи аспӣ аз Қаршӣ то Душанбе дар тӯли 340 км таъсис ёфт. Дар ин роҳ 13 нуқтаи почта дар шаҳрҳои Қаршӣ, Тангӣ, Хорам, Дарбанд, Бойсун, Қаратоғ, Душанбе мавҷуд буд.
  Дар октябри соли 1923 дар Душанбе почтаи нақлиётӣ таъсиси дода шуд, ки ҳайати кории он аз 23 нафар иборат буд. Нақлиёти он аз 20 асп, 25 шутур ва 10 хар иборат буд. Дар сентябри соли 1924 дар Душанбе шӯъбаи алоқаи стасионарӣ бо ҳайати кории 7 нафара ташкил карда шуд. Бо таъсиси почта муросилот афзуд ва дар соли 1924 30 000 мактуб қабул карда шуд.
  Дар замони таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 1929 почта 46 идора ва 150 қуттӣ дошт. 34 хаткашони савора дар деҳотҷойҳо ба мардум хизмат мерасонданд.
  Барои тайёр кардани мутахассисони маҳаллии соҳа дар соли 1931 Омӯзишгоҳи алоқа (ПТУ №5, ҳоло литсеи алоқа) кушода шуд ва хатмкунандагони он соҳиби ихтисосҳои радиомантиёр, телеграфист, коргарони почта ва телеграф мешуданд. То охири панҷсола дар Тоҷикистон 158 идораи доимии почта (аз он 130 дар деҳотҷой) амал мекарданд. Дар идораҳои почта 39 хазинаи амонатӣ буд. Адади қутиҳои почта ба 654 дона  (420 дар деҳотҷой) расид. 700 хаткашони деҳотӣ ва 197 хаткашони савора кор мекарданд.
  Дар соли 1935 дар шаҳри Душанбе бинои марказии алоқа (главпочтамт) сохта шуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ почта хеле фаъол буд ва танҳо дар соли 1943 барои ҷанговарон 10 000 баста бо тӯҳфаҳои солинавӣ қабул ва ирсол карда шуд.
  Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ фаолияти почта коҳиш ёфт. Барои ташаккул додани почтаи худӣ давлати мустақили Тоҷикистон чораҷӯиҳо намуд. 9 июни соли 1994 ҷумҳурӣ шомили Иттиҳоди алоқаи ҷаҳонӣ гардид. Баъди барҳамхӯрии ИҶШС дар соли 1991 Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа созмон дода шуд ва Тоҷикистон ҳам узви он мебошад.
  Дар соли 1996 ба ҳадафи касби мақоми ҳуқуқӣ ҳамчун муассисаи мустақили соҳаи алоқа азнавтаъсисдиҳии соҳаи алоқа анҷом пазируфт ва Департаменти Давлатии “Почта Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Дар ибтидои соли 1997 баъд аз якҷошавии ду вазорат – алоқа ва нақлиёт ба Корхонаи Воҳиди Давлатии “Почтаи Тоҷик” табдил дода шуд, ки то имрӯз хизматрасониҳои соҳаи алоқаро ба амал меоварад.
  Аз соли 1992 маркаҳои почтавии худро мебарорад. Онҳо мавзӯъ ва тасовири гуногуни баргирифта аз фарҳангу таърих, табиати кишвар доранд. Аз соли 1992 то 1 октябри 2001 192 маркаи почтавӣ, 12 блок ва 12 варақаи тӯҳфавӣ бароварда шуд. Барои ба танзим овардани истеҳсоли маркаҳо 1 октябри соли 2001 муассисаи мустақили “Маркази марка” таъсис дода шуд. Аз замони таъсис то имрӯз “Маркази марка” 300 намуди маркаҳои почтавӣ, 24 блок, 11 варақаи тӯҳфавиро ба муомилот баровардааст. Дар ҳадди миёна марказ 12 силсилаи маркаҳои бадеӣ ва қолибӣ ба андозаи 1 300 000, 1 500 000 дар сол ба муомилот мебарорад.
  Дар ҳоли ҳозир “Почтаи Тоҷик” бо 180 кишвари ҷаҳон мубодилаи почта мекунад. Бо 11 кишвари ИДМ (ба ҷуз кишварҳои соҳили Балтик) интиқоли пулӣ дорад. Ҳамчунин, бо Эрон ва Туркия дар ин соҳа созишнома бастааст.
  Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 50 марказ, 550 шӯъба, 3 муассисаи вилоятӣ, 1 байниноҳиявӣ, почтамти Душанбе, Маркази коркарди почта, Маркази марка, маркази махсуси ҷумҳуриявии алоқа фаоъолият дошта, 691 қутии почта мавҷуд аст.
  Дар солҳои 2002 – 2003 “Қонун дар бораи алоқаи почта”-ро тасвиб карданд, ки он тартиби фаъолияти почтаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст.
  Ҳоло интиқоли ҳавоии почта ба шаҳрҳои Маскав, Алмато, Бишкек ташкил карда шудааст. Дар ҳафта чор маротиба почта ба марказҳои ноҳияҳо, ҳаррӯза ба шаҳрҳо, 3 маротиба ба деҳотҷойҳо расонда мешавад. Интиқол ва расондани почта таҳти назорат мебошад.
  Имсол бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди умумиҷаҳонии алоқа лоиҳа барои ислоҳ ва рушди алоқаи почта дар ҳоли коркард аст, ки барои пешрафти соҳа мусоидат хоҳад кард.