Мактубҳо навъе аз муросилоти почтавӣ маҳсуб шуда, муштариён имкон доранд, тавассути «Почтаи тоҷик» макотиби хешро ба гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҷаҳон ирсол намоянд. Мактубҳо дар шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо пазируфта мешаванд. Ҳамчунин, барои қабули мактубҳо дар маҳаллҳо қуттиҳои почта насб карда шудааст, ки макотибро метавон дар дохили онҳо гузошт ва онҳо аз ҷониби кормандони почта гирифта мешаванд. Мактубҳо се навъанд: одӣ, фармоишӣ, арзишнок.

Мактубҳо ба андозаҳои зер пазируфта мешаванд:

а) 110х220
б)160х22
в) 230х320

Нархи ирсол кардани мактубҳо тавассути почта:

Навъи мактубҳо

Маблағи пардохт (сомонӣ, дирам)

 

Ба воситаи нақлиёти

Истифодаи якҷоя

заминӣ

ҳавоӣ

 

Мактубҳои кушод:

 

 

 

одӣ

0-0,8

0-12

0-20

супоришӣ

0-15

0-20

0-35

Мактубҳо:

 

мактуби одии вазнаш то 20 грамм

0-10

0-20

0-30

мактуби супоришии вазнаш то 20 грамм

0-20

0-25

0-45

мактуби арзишноки вазнаш то 20 грамм

0-28

0-32

0-60

Барои ҳар 20 грамми изофӣ то 100гр

0-15

0-15

0-15

Намунаи пур кардани лифофа:

  Ба таваҷҷӯҳи муштариён: Тарзи дуруст пур кардани варақахои почтавӣ боиси саривақт дастрас намудани муросилотатон мегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми пур кардани варақаҳо дақиқназар бошед!.

 

Огоҳӣ:

  Шаҳрвандони азиз!. Ҳангоми фиристодани номаҳои худ танҳо лифофаҳои КВД “Почтаи тоҷик”-ро истифода баред. Лифофаҳои худсохт ва бенишонии почта қабул карда намешаванд!.