Почтаи фаврии Тоҷикистон дар хизмати шумо
Дар ҳамаи давру замон, дар ҳар як давлат инсон ба хизматрасонии почта ниёз дорад. Танҳо, ҳамин тавр, мо аз хабару рӯйдодҳои олам воқиф мегардем, ба ҷое ягон чиз мефиристем.
Пешравию тараққӣ дар як чо намеистад. Аз ин рӯ, доираи хизматрасонӣ низ васеъ мегардад, акнун мо имкон дорем ба тамоми гӯшаю канори олам мактубу баста ва равонакҳои худро бифиристем. Ин имкониятро ба шумо хизматрасонии почтаи курйерӣ, аз ҷумла EMS (Express Mail Service) – хизматрасонии почтаи фаврӣ медиҳад.
Почтаи курйерӣ дорои имкониятҳои бузурги молрасонӣ буда, бахшу шӯъбаҳои он дар тамоми манотиқи олам фаъолона кор мекунанд. Нақлиёти махсуси почтакашон бо навиштаҷоти чашмрас кафолати бехатарӣ, таъмини амнияти нигоҳдорӣ ва саривақт дастрас шудани муросилоти почтаро медиҳад. Маҳз, ҳамин омилҳо боиси баланд гардидани обрӯ ва нуфузи почтаи курйерӣ гардида истодааст.
Сол ба сол миқёси хизматрасонии курйерӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ афзуда, шаҳру ноҳияҳо, деҳу ҷамоатҳои нав ба нав вориди харитаи хизматрасонии почтаи фаврии Тоҷикистон гардида истодаанд.
Хизматрасонии EMS (Express Mail Service) аз ҷониби Иттифоки умумиҷаҳонии почта (UPU), соли 1990 ташкил ёфт. Соли 1998 дар чаҳорчӯбаи Иттифоки умумичаҳонии почта Кооперативи EMS барои банизомдарории хизматрасонии EMS дар миёни Маъмуриятҳои почта хизматрасонии курйерӣ таъсис дода шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии EMS-po Шӯъбаи почтаи фаврии Тоҷикистони КВД “Почтаи тоҷик” аз соли 2005-ум ба амал оварда истодааст.
“EMS почтаи Тоҷикистон барои шумо ва тиҷорататон
Фоида: нархномаи арзонтарин дар нисбати рақибон.
Умедворӣ: кафолати ҳифзи сирри тиҷоратӣ ва нигоҳдории муросилот, хизматрасонии саривақтӣ ва аз даст ба даст, имконияти суғуртаи муросилот аз гумшавӣ ва вайроншавӣ.
Масъулият: назорати самти ҳаракати муросилот дар ҳама маврид.
Кулай: доираи васеъи ҳизматрасониҳо, даъвати курйер барои равон кардани муросилот ройгон.
Муносибати ҷудогона: қабули муросилоте, ки маблағашpo гиранда пардохт менамояд, дар асоси шартнома бо КВД “Почтаи тоҷик” мененҷери алохида машғул мешавад.
Мукаммалгардонӣ: афзоиши нуқтаҳои хизматрасонӣ, бахшҳои почтаи фаврӣ дар дигар минтақаҳои ҷумхурӣ, баланд бардоштани савияи касбии кормандон ва сифати хизматрасонӣ, кам кардани мӯҳлатҳои дастраснамоӣ, зиёд намудани доираи хизматрасониҳо.
Дар солҳои фаъолият мо ба боварӣ ва эҳтироми шахсони ҳуқуқӣ, корхонаю муассисаҳо, ширкату созмонҳои байналмилалӣ сазовор гаштем.
Мо кушиш карда истодаем, хизматрасониамонро ба талабот ва имкониятҳои муштариёнамон мувофиқ созем. Хизматасониро қулай ва муфид ба шумо пешкаш намоем.
Таҷрибаи андӯхтаамон дар роҳи ҳалли масъалаҳои мубрам, пешниҳоди хизматрасонии босифат моро дилпур сохтаанд. Новобаста аз он ки чӣ гуна супоришу фармоишро ба зимма мегирем, ҳамеша аз рӯи се тамоюл муносибат менамоем:
— Муносибати ҳирфавӣ ба ҳар як муштарӣ. Мутахассисони шӯъбаи EMS кӯшиш менамоянд, ки шароити хуб, дастрас ва муфидро барои ҳамкорӣ бо назардошти талаботу хохиши муштарӣ фароҳам оранд.
— Масъулият ва корбудкунӣ. Ҳамаи фармоиш дар мӯҳлатҳои муайяншуда иҷро карда мешаванд.
— Касбият ва дастраснамоии саривақтӣ.
Аз кори ширкатҳои курйерӣ бисер чиз вобаста аст. Инро мо хуб медонем, аз ин рӯ, корамонро зуд ва босифат ба анҷом мерасонем.
Мо ба муштариёни худ доираи зиёди хизматрасониҳоро пешниҳод менамоем:
— дастраснамоии зуд, босуръат дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва тамоми манотиқи Тоҷикистон;
— дастраснамоии зуд, босуръат ба 192 давлати дунё;
— дастраснамоии аз даст ба даст;
— маълумотдиҳии гумрукӣ ва таҳвили аснод барои почтаи фаврӣ – EMS;
— Cуғуртаи муросилот;
— имконияти назорати самти ирсоли муросилот ба воситаи сайт ва телефон;
— қабул ва дастраснамоии муросилоти фаврӣ дар рӯзҳои истироҳат;
— имкониятҳои васеътар барои муштариёни фаъол.