Ҳахоманишиён – сулолаи давлатдории қадими иронӣ ҳанӯз дар асри VI пеш аз милод низоми мураттаб ва муназзами почтаро таъсис дода буданд. Тавре ки маъхазҳо зикр мекунанд, почта дар ин сарзаминҳо аз ин қадимтар арзи вуҷуд доштааст ва дар замони ҳукумати дарозмуддати ин сулола ба низоми муташккил муббадал гардид.
Тибқи ахбороти Ҳеродот ва Ксенофон дар замони ҳукмронии Куруши Кабир (550-529 пеш аз милод) дар тӯли роҳои муҳим нуқтаҳои почта сохта шуда буданд, ки аз ҳамдигар дар фосилаи давиши якрӯзаи асп воқеъ гашта буданд. Дар ин пойгоҳҳо қосидон истироҳату шабгузаронӣ ва ҳайвоноти саворияшон бадал карда мешуданд.
Паёмрасонӣ умдатан аз тариқи қосидонони савора – “ангар”-ҳо анҷом дода мешуд ва низоми почтаро дар он аҳ “ангарийон” меномиданд. Ин навъи пайғомрасонӣ барои расондани босуръати ахбор ба шаҳру гӯшаҳои давлати паҳновар бартар буд.
Низоми почтаи сохтаи форсҳо аз беҳтаринҳои аҳди қадим буд ва бисёре аз давлатҳои баъдӣ (аз ҷумла Рум) низоми почтаи хешро дар асоси он таъсис доданд.
Почтаи Форси қадим