Намуд ва меъёрҳои муросилоти почта
Муросилоти почтавӣ муросилоте мебошанд, ки дар дохили ҷумҳурӣ коркард шуда, бурда расонда мешавад. Намудҳои муросилоти дохилӣ:
мактубҳо (одӣ, фармоишӣ, арзишнок);
кортҳои почтавӣ (одӣ, фармоишӣ);
бастаҳо (оддӣ, фармоишӣ, арзишнок) ;
равонакҳо (одӣ, арзишнок);
ирсолпулиҳо (почтавӣ, телеграфӣ) ;
матбуоти даврӣ (рузнома ва мачаллаҳо).
Меъёрҳои муросилоти почта
1.Мактубҳо:
а) 110х220
б)160х22
в) 230х320
2.Кортҳои почтавӣ: 105/148
3.Бастаҳо: одӣ, фармоишӣ ва арзишнок 35 см.ҳам аз бар, дарозӣ ва баландӣ, на камтар аз андозаи —10 см дарозӣ — ба 5 см — баландӣ. Барои бастаҳои дарозшакл аз 70 см. дар доираи диаметроии 15 см, дар ҳолатҳои ҷудогона то 1,5 м дар ҳолате, ки ашё катъ карда намешавад, бастаҳо андозаи 10 см дарозӣ 5 см баландӣ.
4.Равонакҳо (посылки): барои равонакҳо борпечонӣ ба андозаи 50х50х40 см, равонакҳои аз ин андоза берун калонҳачм ҳисоб меёбанд. Ҳамчунин ашёе, ки фиристода мешаванд, дарозиашон 2 м буда, баландиашон аз 1 м. баландтар набошанд. Равонакҳои аз 10 кг зиёд гаронвазн ҳисоб меёбанд, набояд аз 20кг зиёд бошанд.
Тартиби дастраснамоии муросилоти почта
Муросилоти почтави зерин тавассути шӯъбаҳои алоқа ба суроғаи муштариён бурда, расонида, мешавад: мактубҳои оддӣ, фармоишӣ, арзишнок, кортҳои почтавӣ, бастаҳо, равонакҳо.
Корманди почта ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми супоридани почта аз шаҳрванд шпноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дида, дар варақаҳои почтавӣ қайд намуда, баъди имзои шахси гиранда онро супорад.
Ҳама гуна муросилоти почтаи воридотӣ ё содиротӣ баъди назорати гумрукӣ дар Маркази мубодилаи почтаи байналхалқӣ ба суроғаҳои нишондодашуда фиристода мешаванд.
Муросилоте, ки ҳангоми гузариш аз назорати ренгенӣ боздошта мешавад, баъди хулосаи гумрукӣ ё худ барасмиятдарории гумрукӣ бо иҷозати корманди раёсати гумрук дар почта ба шаҳрвандон дар ММПБ баъди омодагаштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ супорида мешавад.
Муросилоти почта, ки аз назорати гумрукӣ бемамоният гузаштаанд, бевосита ба шуъбаҳои алоқаи ҷои зисти шаҳрвандон фиристода мешаванд.
Кормандони почта дар асоси Қоидаи почта барои гирифтани муросилот ба шаҳрванд хабарнома ба суроғаи нишондодашуда бурда мерасонанд. Агар шаҳрванд дар муддати 5 рӯз ҳозир нашавад, маротиби дуюм чунин хабарнома фиристода мешавад.
Мӯҳлати нигоҳдории муросилоти почта 2 моҳ мебошад. Баъдан, бозпас фиристода мешавад.
Кормандони почта барои таҳияи хуҷҷатҳо ва дастраснамоӣ дар асоси Нархномаи 1 ТДМ-125 барои бастаҳои калонҳаҷм ва равонакҳо 14 сомонӣ, барои ҳар кадом муросилот гирифта, онро дар дафтари Ш-47 қайд намуда, расид ба шаҳрвандон медиҳанд.
Дар сурати дар муросилот қайд шудани «Лично в руки» муросилот шахсан ба гиранда бо нишон додани шиноснома супорида мешавад.
Ҳуҷҷатҳои зерин барои гирифтани муросилоти почта асос мешаванд:
— Шиноснома (паспорт)
— Шаҳодатномаи хизматӣ — билети ҳарбӣ
— Боваринома аз ташкилот ё муассисае, ки муросилот ба унвони он фиристода шудааст.