Ҳайати роҳбарикунандаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар доираи сафари корӣ аз дафтари ширкати «Серагон Нетворкс» (Ceragon Networks) — истеҳсолкунандаи технология ва таҷҳизоти муосири соҳаи телекоммуникатсия, ки дар шаҳри Бухарести Руминия воқеъ мебошад, дидан намуданд.
Дар ҷараёни боздид мулоқот бо Ноиби президенти ширкат ва роҳбари намояндагиҳо дар Руминия ва Словакия ҷаноби Корнел Ватаманиуч ва коршиносони ширкат сурат гирифт. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафта ва мубодилаи донишҳои соҳавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раванди фаъолияти ширкат, имкониятҳои техникии таҷҳизоти муосир ва роҳҳои татбиқи самараноки онҳо дар рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ аз наздик шинос гардид.
