Кумаки башардӯстона ба мардуми Эрон

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯмаки башардӯстона ирсол гардид. Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 3610 тонна бор, аз ҷумла аз 45 тонна доруворӣ, маводи зиёди санитарию беҳдоштӣ, сару либоси кӯдакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст. Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18 март ба ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон раҳсипор шуд ва ба зудӣ дастраси мардуми ниёзманд дар кишвари дӯсту бародар мегардад.

Қабули Нақшаи миллӣ ва Қоидаҳои танзими спектри радиобасомадҳо

25 феврали соли 2026 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахусти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа Нақшаи миллии тақсимоти радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои иҷозатдиҳии тақсимоти спектри радиобасомадҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, тасдиқ карда шуданд. Нақшаи миллӣ бори аввал ҳамчун ҳуҷҷати ягонаи меъёрии давлатӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқии идоракунии тамоми диапазонҳои басомади аз 8,3 кГц то 3000 ГГц-ро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Қоидаҳои тасдиқшуда механизми шаффоф ва муназзами иҷозатдиҳӣ, ҷудо ва истифодаи спектри радиобасомадҳоро муқаррар намуда, тартиби ягонаи танзими ин захираи стратегии миллиро таъмин мекунанд. Раиси Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни суханронии худ таъкид намуд, ки қабули ин санадҳо қадами муҳим дар самти таҳкими сиёсати давлатии танзими спектри радиобасомад буда, ба истифодаи самаранок ва мақсадноки он, рушди устувори бозори хизматрасониҳои алоқа ва технологияҳои рақамӣ, таҳкими рақобати солим миёни операторон ва ҳифзи манфиатҳои амнияти миллӣ мусоидат менамояд. Назорат ва татбиқи амалии санадҳои мазкур ба зиммаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида, минбаъд ҳамаи қарорҳои марбут ба ҷудокунии басомадҳо танҳо дар доираи нақша ва қоидаҳои тасдиқшуда амалӣ карда мешаванд.

Паёми шодбошӣ бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

23.02.2026 Рафиқон генералҳо, афсарон, сержантҳо ва сарбозони шуҷои Ватан! Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Ҳамаи шуморо ба ифтихори 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям. Бо сарфарозиву қаноатмандӣ иброз медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеа ҳамчун сипари боэътимод хизмат карда истодаанд. Ҷашни ҳомиёни Ватан, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад, таҷассумгари эътимоду эҳтироми баланди мардуми Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро ҳамчун рисолати муқаддас ва масъулияти пурифтихор иҷро менамоянд, ба ҳисоб меравад. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои фоҷеабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба хубӣ дарк мекард, ки таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бе доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муҷаҳҳаз бо техникаву лавозимоти ҷангӣ ва хизматчиёни ҳарбии далеру ҷасур ва содиқ ба Ватан ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ мо Артиши миллиро таъсис додем ва 23-юми феврали соли 1993 аввалин гузашти ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор гардид. Яъне Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар шароити сахту сангин ташаккул ва обутоб ёфтанд, таҷриба ва маҳорати ҷангӣ ба даст оварданд. Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ борҳо аз имтиҳони садоқат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд, амнияти давлат ва бехатарии мардуми Тоҷикистонро ҷавонмардона таъмин карданд. Бинобар ин, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям. Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд. Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, авҷгирии зуҳуроти терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника ва технологияҳо танҳо кадрҳое метавонанд амнияту давлат ва суботи ҷомеаро таъмин намоянд, ки дорои донишҳои муосири ҳарбӣ ва сатҳи баланди касбият буда, технологияҳои навтаринро аз худ кардаанд. Дар ин раванд, мунтазам баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси миллӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ вазифаи ҳаррӯзаи тамоми хизматчиёни ҳарбӣ – аз ҳайати фармондеҳӣ то сарбози қаторӣ мебошад. Бовар дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ – ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, руҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат ва халқи мамлакат сарбаландона иҷро менамояд. Бори дигар тамоми ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомии мамлакатро ба ифтихори рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани маҳбубамон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу менамоям. Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан! prezident.tj

ДИРӮЗУ ИМРӮЗИ ПОЧТАИ ТОҶИК

Агар ба таърихи хидматрасонии почта дар гузашта назар андозем, мебинем, ки дар давраи давлатдории Сомониён шаклгирии почта хусусияти давлатӣ касб кард. Барои анҷоми корҳои муҳими давлатӣ, ба ҳам ҷӯр сохтани робита бо мардум ва ҳамсояҳо “Девон-ул-барид” таъсис дода шуда буд. То ин давра низ мукотиба миёни мардум ба василаҳои гуногун сурат мегирифт. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи худ — “Чеҳраи мондагор” ишора кардаанд, ҳанӯз бо фармони Дорюши Бузург 2500 сол пеш аз ин дар ҷаҳон нахустин почта бо номи “Чопар” бо назму тартибу хос таъсис ёфта буд. Нисбат ба номарасонҳо ин нукта шуҳрат дошт: “На гармӣ, на сармо, на барфу борон, чопорро аз рафтан боз намедорад”. Таъсиси Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон 9 октябри соли 1924 ба фаъолияти почтаи тоҷик асос гузошт. Тули беш аз як аср Почтаи Тоҷикистон дар хидмати мардум буда, таърихи он пур аз корномаю фидокориҳост. Cоли 1929 Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт ва соли 1930 аввалин ташкилоти почта дар шаҳри Сталинобод- Душанбеи ҳозира бо 17 корманд ва 27 шуъбаи ноҳиявӣ ба фаъолият оғоз намуда, минбаъд доираи фаъолияти он густардатар гардид ва рушд ёфт. Ногуфта намонад, ки моҳи октябри соли 1930 дар ҳайати 10 нафар Раёсати алоқаи ҷумҳурӣ созмон ёфт, ки 27 шуъбаи алоқаи ноҳиявиро муттаҳид мекард. То соли 1938 дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 6 адад қуттии почта ба қайд гирифтп шуда буд ва он ба 44 адад расонида шуд. Дар шаҳрҳои Кулоб, Хуҷанд, Истаравшан, ноҳияҳои Вахш, Шаҳритуз ва қисматҳои ғарбӣ-шарқии Тоҷикистон шуъбаҳои почта ифтитоҳ ёфтанд. Хидмати почта дар солҳои мушкили Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) басо арзанда ва таърихӣ арзёбӣ мегардад. Танҳо дар соли 1942 зиёда аз 5000 бастабандӣ қабул ва ба воситаи қатораи почта ба майдони ҷанг фиристода шуданд. Марҳилаи рушди минбаъдаи почтаи ҷумҳурӣ ба солҳои 1970 то солҳои 1990 рост меояд. Маҳз дар ин давра биноҳои ду-се ошёнаи шуъбаҳои алоқаи замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин давра миқдори шуъбаҳои почта дар ҷумҳури 590 ададро ташкил медод ва соле то 150 тонна муросилоти почта коркард мешуд, ки ин соҳаи даромадноки соҳа ба ҳисоб мерафт. Барҳамхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, канда шудани робитаҳои иқтисодӣ ва маданӣ, нооромиҳои сиёсӣ, ҷанги бародакушии дохилӣ ба инкишофи почта монеа гашт. Зиёда аз 60 фоизи шуъбаҳои алоқаи почта аз кор монданд, мубодилаи почта 200 баробар кам гардид. Дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ ба мақоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дили мардум гармӣ ва ба кишвари азизамон сулҳи деринтизорро овард. Маҳз баъди ин рӯйдоди таърихӣ барои дар сатҳи нав ва бо диди тоза барои барқарор намудани соҳаи алоқа қадамҳои устувор гузошта шуд. Хисороти ба соҳа расида дар айёми нооромиҳо зина ба зина рафъ гардида, иқтидори пурраи корӣ аз нав барқарор гардид ва сол аз сол он беҳтару хубтар гардида, самтҳои фаъолият густардатар гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли 2025 ба андозаи 18 миллиону 329 ҳазору 103 сомонӣ ба аҳолӣ хидматарсонӣ сурат гирифтааст, ки ин нишондод 130 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад ва нисбат ба соли 2024 4 миллиону 369 азору 447 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми муросилоти содиротӣ ба 9 тоннаю 482 кг баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1 тоннаю 869 кг зиёд аст. Ҳаҷми муросилоти воридотӣ 39 тоннаю 377 кг-ро ташкил медиҳад ва ин нишондод нисбат ба соли 2024 7 тоннаю 180 кг зиёд мебошад. Афзоиши ҳаҷми муросилоти воридотӣ имкон муҳайё месозад, ки ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ фоидаи бештаре насиби КВД “Почтаи Тоҷикистон” гардад. Ҳамчунин, дар соли 2025 шуъбаи почтаи фаврӣ 1458 адад муросилотро ба суроғаҳои нишондодашуда ва 1168 адад номаю бастаҳои мизоҷонро ба дигар давлатҳо фиристодааст. Дар соли 2025 миқдори ирсолпулиҳои дохилӣ 9413 адад буда, маблағи умумии он 4423212 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 626 662 сомонӣ зиёд мебошад. Ба тавсиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” №481 аз 25 сентябри соли 2025 имкониятҳои дигари даромаднокии почтаро муҳайё сохт. Дар заминаи КВД “Почтаи тоҷик”, КВД “Алоқаи махсус” ва КВД “Маркази марка” Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Ҳамаи ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқӣ, сохторӣ, фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, низоми коргузорӣ ба анҷом расонида шуд. Танҳо дар давоми семоҳаи охири соли 2025 аз ҳисоби марка, 240 535 ва аз ҳисоби лиффофаҳо 62248 сомонӣ даромади соф ба даст омад. Маблағи умумии даромад аз нишонаҳои почта 320 783 сомониро ташкил медиҳад. Тавре дар “Стратегияи амали почта дар шароити кунунӣ”, ки Иттифоқи умумҷаҳонии почта (ВПС) нишон додааст, рушди тиҷорати электронӣ аз вазифаҳои асосии почта барои рақобатпазирӣ муайян гардидааст. Хушбахтона, дар соли 2025 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Хадамоти алоқа КВД “Почтаи Тоҷикистон” имкон пайдо намуд, ки ба ин бозор ворид гардад. Маблағи умумии даромадҳои соф аз ин хидматрасониҳо дар семоҳаи чоруми соли 2025 44104 сомониро ташкил дод. Ҳоло дар КВД “Почтаи Тоҷикистон” 4 корхонаи фаръӣ, 63 Маркази “Почтаи Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳо ва 470 шуъбаи почта фаъолият доранд. Маъракаи обуна ва бурда расонидани матбуоти даврӣ аз бахшҳои умдаи фаъолият ва самти даромадноки КВД “Почтаи Тоҷикистон” ба ҳисоб меравад. Дар ин самт маъмурияти корхона ҳамкории барои тарафҳо судмандро бо идораи рӯзномаю маҷаллаҳо ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба роҳ мондааст. Танҳо дар соли 2025 32 миллиону 388 ҳазору 631 нусха рӯзномаю маҷаллаҳо ба обуначиён бурда расонида шуд. Ҳаҷми бори кашондашуда зиёда аз 185 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2024 58 тонна зиёд мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” эълон намуданд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтаем, ки дар баробари ҷорӣ кардани технологияи муосири хидматрасонии почта, боз ҳам боло бурдани сифати хидматрасонӣ, ҳамзамон корҳои ободонию созандагиро дар тамоми бахшҳои корхона ба роҳ монда, дар сарсабзии кишвари азизамон саҳми боризи худро гузорем. Сайдалӣ МИРЗОЗОДА Директори генералии КВД “Почтаи Тоҷикистон” Бознашр аз маҷаллаи “Алоқа” январ 2026 /№1

НАШРИ НАХУСТШУМОРАИ МАҶАЛЛАИ «АЛОҚА»

Тавре иттилоъ доред, бо таҷдиди низоми сохтории Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маҷаллаи Алоқа” ба фаъолияти хеш оғоз намуд, ки таҳия ва нашри маҷаллаи “Алоқа” яке аз самтҳои умдаи фаъолияти он мебошад. Маҷаллаи “Алоқа” нашрияи расмии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади инъикоси масъалаҳои муҳимми рушди соҳаи алоқа, раванди рақамикунонӣ, навовариҳо, таҳлилҳои касбӣ, фаъолияти зерсохторҳо, фаъолияти ширкатҳои мобилӣ, интернет-провайдерҳо ва дигар масоили муҳимми рӯз таъсис ёфтааст. Инак, дар оғози соли нави 2026 шумораи нахустини нашрияи мавриди назар бо теъдоди 1000 нусха ва бо сифати баланд ба нашр расид, ки ин падидаро ба кулли хонандагон, ба хосса кормандони соҳаи алоқа сидқан табрик мегӯем. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва мавзуъҳои “Рисолати хадамот – хидмат ба халқ”, “Хадамоти алоқа дар низоми нав”, “Дирӯзу имрӯзи почтаи тоҷик”, “Тоҷиктелеком – оператори миллӣ”, “ORIZ – нахустмессенҷери миллӣ”, “Душанбе – шаҳри ҳушманд”, “Шаҳри ҳушманд ва имкониятҳои он”, “5G ва тафовути асосии он аз 4G”, “Нақши рақамикунонии сайёҳӣ”, “Аз таърихи алоқа”, “Ҷавонон – ҳамқадами замон”, “Сада – ҷашни чиллаи хуршед, яъне ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ” ва хабару гузоришу маълумотҳои ҷолиб муҳтавои умдаи шумораи якуми маҷалларо ташкил медиҳад. Ба хотири гуногунрангӣ ва хубтару ҷолибтар гардидани муҳтавои нашрия ҳайати эҷодии маҷалла мутахассисони варзидаи соҳаи алоқа, олимону донишмандон, аҳли адаб ва муҳаққиқону пажӯҳишгаронро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

Дар Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 баргузор гардид

28 январи соли 2026 дар бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар соли 2025 баргузор гардид. Дар нишаст Роҳбарият, сардорони раёсатҳо ва зерсохторҳои Хадамоти алоқа, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони аввали ширкатҳои мобилӣ ва беш аз 50 намояндаи ВАО иштирок намуданд. Сардори Хадамоти аалоқа Исфандиёри Саъдулло аз натиҷаҳои асосии фаъолияти соҳа, иҷрои барномаҳои давлатӣ, ҷорӣ намудани лоиҳаҳои рақамисозӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои алоқаи дохиливу хориҷӣ иттилоъ дод. Таъкид гардид, ки дар соли 2025 Хадамоти алоқа ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи алоқа, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, густариши интернет, беҳтар намудани сифати иртиботи мобилӣ ва татбиқи технологияҳои муосир тадбирҳои муҳим амалӣ намуд. Зимни нишасти матуботӣ аз ҷониби рӯзноманигорон беш аз 30 савол пешниҳод гардида, Сардори Хадамоти алоқа ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух гуфт. Дар ҷараёни нишаст намояндагони ВАО вобаста ба масъалаҳои марбут ба нархи хизматрасониҳо, сифати интернет, фарогирии шабакаҳои мобилӣ дар минтақаҳо, истифодаи технологияҳои нав ва нақшаҳои минбаъдаи Хадамоти алоқа саволҳо пешниҳод намуданд, ки ба ҳамаи онҳо посухҳои муфассал дода шуданд. Дар фарҷом таъкид шуд, ки Хадамоти алоқа минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, дастрасии бештари аҳолӣ ба интернети босифат ва рушди устувори соҳа чораҳои иловагӣ меандешад.

Маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориз” ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат

Дар Хадамоти алоқа Маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориз»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти солона мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Дар ҷараёни маҷлис таъкид гардид, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориз» дар давраи ҳисоботӣ дар баробари дигар аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар иштироки фаъолона дошта, ҷиҳати татбиқи ҳадафу барномаҳои ҳизб саҳми назаррас гузоштаанд. Фаъолияти онҳо пеш аз ҳама ба тақвияти корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва таҳкими мавқеи ҳизб дар байни кормандони соҳа равона гардидааст. Муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориз» Нориён Парвиз зимни пешниҳоди ҳисоботи солона аз натиҷаҳои фаъолияти дохилиҳизбӣ, иштироки аъзоён дар чорабиниҳои сиёсӣ ва иҷрои уҳдадориҳои оинномавӣ ёдовар шуд. Ӯ зикр намуд, ки бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ба талаботи Оиннома ва Низомномаи ҲХДТ, инчунин такмили ҳуҷҷатгузорӣ, супоридани ҳаққи узвият ва ба қайдгирии мунтазами он дар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки таъсиси гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иқдоми саривақтӣ буда, он барои баланд бардоштани сатҳи интизоми ҳизбӣ, танзими ҳаракати аъзоён ва расонидани ёрии методӣ нақши муассир бозид. Дар натиҷаи ҳамкории мутақобила байни гуруҳи корӣ ва масъулини ҳизбии ташкилоти ибтидоии «Ориз» фаъолияти дохилиҳизбӣ шакли муназзам ва ҳадафманд касб намуд. Убайдулло Қурбонзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар баромади худ ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, онро ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву стратегӣ барои рушди минбаъдаи кишвар арзёбӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими амнияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба таври возеҳ муайян шудаанд. Номбурда ҳамчунин ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ишора намуда, таъкид кард, ки дар чунин шароит шинохти дурусти манфиатҳои миллӣ, таҳкими зиракии сиёсӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ, бахусус аъзои ҳизб мебошад. Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҲХДТ бояд дар татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат фаъолона саҳм гузошта, бо амалҳои худ намунаи ибрат бошанд. Сармуҳаррири Муассисаи давлатии «Маҷаллаи алоқа» Икромӣ Сироҷиддин Икром низ зимни баромади худ нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро шарҳ дода, дастовардҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2025 мавриди таҳлил қарор дод. Ӯ таъкид намуд, ки муваффақиятҳои бадастомада самараи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишвар буда, Паём ҳамчун роҳнамои амал барои тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи алоқа, хизмат мекунад. Дар фарҷоми маҷлис иштирокчиён иброз доштанд, ки мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат онҳоро ба фаъолияти боз ҳам самаранок, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ ва саҳмгузории бештар дар рушди устувори кишвар раҳнамун месозад. Қарор дода шуд, ки минбаъд низ аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориз» дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва ҳизб фаъолона иштирок намоянд.

Ёддошти тафоҳум оид ба рушди телекоммуникатсия ба имзо расид

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар рушди иттилоотикунонӣ (информатизатсия) байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd. баргузор гардид. Ёддошти тафоҳум аз тарафи Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Садулло ва Раиси Шӯрои директорони Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd. Ҳан Сяохан ба имзо расониданд. Санади мазкур ҳамчун замина барои баррасӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, навсозии инфрасохтори рақамӣ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Ёддошти тафоҳум дар доираи шарикии стратегии ҳамаҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар марҳилаи нави рушд ба имзо расида, ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, инчунин ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ» мутобиқат мекунад.

Чорабинии канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» дар доираи Саммити «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон»

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ҷиҳати иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои «Муколаммаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ҳамчун ҷаласаи сатҳи олӣ ва қолаби бисёрҷонибаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ, як қатор чорабиниҳо ва мулоқотҳои дуҷониба баргузор гардиданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар самтҳои калидӣ равона шуда буданд. Аз ҷумла, 18 декабри соли равон дар шаҳри Токио дар доираи Саммити «Муколаммаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон», бо мақсади муаррифии зарфиятҳо ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои телекоммуникатсияву алоқа ва технологияҳои рақамӣ чорабинии канорӣ таҳти унвони «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур масъулини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба рушди инфрасохтори соҳаи алоқа ва технологияҳои телекоммуникатсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла соҳаи алоқа ва телекоммуникатсия равона гардида, дар он як қатор ширкатҳои хизматрасон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона доштанд.. Намояндагони ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳо ва доираҳои соҳибкории Ҷопон вохӯриҳои судманд анҷом дода, таҷрибаи пешқадам, имкониятҳои ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак ва маҳсулоту хизматрасониҳои худро муаррифӣ карда, зимнан масъалаҳои рушди стартапҳо, ҷалби сармоягузорӣ, содироти хизматрасониҳои рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши робитаҳои мустақими тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Баргузории чорабинии «Tajik-Japan Digital Business Connect» қадами муҳим дар самти муаррифии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар соҳаи технологияҳои телекоммуникатсионию алоқа арзёбӣ гардида, он ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушду такмил, таҷдиди инфрасохтор ва пешниҳоди хизматрасониҳои дорои сатҳу сифати баланд дар соҳаи алоқа ва интернети фарогиру босуръат, мусоидат хоҳад намуд. Мавриди зикри хос аст, ки иштироки Хадамоти алоқа дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ азми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати рушду навсозии инфрасохтори алоқа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои пешрафта бозгӯ менамояд.

Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”

16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорони фаъол ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ҳузур доштанд. Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли таърихӣ номиданд. Сарвари давлат дар бораи рӯйдодҳои таърихӣ ва санаҳои хотирмон андешаронӣ намуда, баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ номиданд. Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз руйдодҳои муҳими соли 2025 номида шуд. Гуфта шуд, ки дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои кишвари мо эътироф ва қабул гардид, аз ҷумла қабули қатъномаҳо доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ”, “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ”. Ба андешаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир андешаронӣ карда, дар назди парлумони кишвар вазифа гузоштанд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми бахши хусусӣ дар пешрафти кишвар ёдовар шуда, ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур доданд, ки барои осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад. Муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 — 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар корҳои ободониву бунёдкорӣ аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт, маблағгузории ин бахшҳо, татбиқи лоиҳаҳои калон ва амалисозии барномаҳои стратегии онҳоро таҳлил намуданд. Зимни ироаи Паём ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аснои суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор пешниҳодҳоро манзури иштирокдорони чорабинӣ карданд, аз ҷумла пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо” ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо” табдил дода шавад. Инчунин, ба Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои дар пойтахти кишвар бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда бунёд кардани Маркази байналмилалии Наврӯз чораҳои мушаххас андешанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шаванд. Дар баробари ин, супориш дода шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия карда шаванд.  Дар ин зимн, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Гуфта шуд, ки соли 2026 барои мардуми кишвар соли таърихӣ — соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад. Изҳори бовар карда шуд, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи