25 феврали соли 2026 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахусти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа Нақшаи миллии тақсимоти радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои иҷозатдиҳии тақсимоти спектри радиобасомадҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, тасдиқ карда шуданд.

Нақшаи миллӣ бори аввал ҳамчун ҳуҷҷати ягонаи меъёрии давлатӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқии идоракунии тамоми диапазонҳои басомади аз 8,3 кГц то 3000 ГГц-ро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Қоидаҳои тасдиқшуда механизми шаффоф ва муназзами иҷозатдиҳӣ, ҷудо ва истифодаи спектри радиобасомадҳоро муқаррар намуда, тартиби ягонаи танзими ин захираи стратегии миллиро таъмин мекунанд.

Раиси Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни суханронии худ таъкид намуд, ки қабули ин санадҳо қадами муҳим дар самти таҳкими сиёсати давлатии танзими спектри радиобасомад буда, ба истифодаи самаранок ва мақсадноки он, рушди устувори бозори хизматрасониҳои алоқа ва технологияҳои рақамӣ, таҳкими рақобати солим миёни операторон ва ҳифзи манфиатҳои амнияти миллӣ мусоидат менамояд.

Назорат ва татбиқи амалии санадҳои мазкур ба зиммаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида, минбаъд ҳамаи қарорҳои марбут ба ҷудокунии басомадҳо танҳо дар доираи нақша ва қоидаҳои тасдиқшуда амалӣ карда мешаванд.

Ибрози назар кардан

Email-и Шумо мунташир нахоҳад шуд. Обязательные поля помечены *