Қадамҳои амалӣ дар самти рақамикунонии соҳаи почта ва савдои электронӣ

7 май дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» машварати кории муштарак бо иштироки намояндагони масъули Вазорати нақлиёт, Хадамоти гумрук ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин нишаст дар доираи иҷрои бандҳои 48 ва 49-и Нақшаи амали «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» доир шуда, ҳадафи асосии он таҳияи механизмҳои самараноки ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи тиҷорати рақамӣ буд.​Дар рафти машварат ба иштирокчиён рӯнамои (презентация) муфассал оид ба ворид намудани системаи муосири ORE plus, ки лоиҳаи Иттиҳоди почтаи байналмилалӣ мебошад, намоиш дода шуд. Таъкид гардид, ки ҷорисозии ин система дар фаъолияти «Почтаи Тоҷикистон» имкон медиҳад, ки равандҳои логистикӣ ва почтавӣ пурра автоматикунонӣ шуда, заминаи техникии савдои электронӣ дар кишвар тақвият ёбад. Ҳамзамон, намояндагони Хадамоти гумрук лоиҳаи ҷойгиркунии ширкатҳои маркетплейс ва сохтани феҳристи ягонаи онҳоро муаррифӣ намуданд, ки ин иқдом барои шаффофияти амалиёти тиҷоратӣ ва танзими дурусти гумрукии молҳо зарур мебошад.​Дар анҷоми вохӯрӣ миёни намояндагони вазорату идораҳо саволу ҷавоби судманд сурат гирифта, иштирокчиён оид ба ҳамоҳангсозии минбаъдаи платформаҳои мавҷуда ва ҳалли масъалаҳои соҳавӣ табодули афкор намуданд. Натиҷаҳои ин машварат ба эҷоди низоми воҳид ва муосири савдои электронӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Табрикоти Директори генералии КВД «Почтаи Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа

Ҳамкасбони азиз ва кормандони соҳаи алоқа! Шуморо ба муносибати Иди касбӣ – Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа самимона табрик мегӯям. Имрӯз соҳаи алоқа ва технологияҳои муосир асоси пешрафти ҷомеа ва омили калидии рушди иқтисоди рақамиро ташкил медиҳанд. Боиси ифтихор аст, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи алоқа ба марҳалаи нави тараққиёт ворид гардид. Таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба соҳа, аз ҷумла эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ва қабули “Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040”, заминаи мусоидеро барои рақамикунонии комили кишвар ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии кормандони бахши телекоммуникатсия фароҳам овард. Дар ин давраи таърихӣ, ки мо ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мебинем, заҳмати содиқонаи шумо ҷиҳати ободии Ватани маҳбубамон ниҳоят арзишманд аст. Ба ҳамаи шумо дар ин ҷодаи пурмасъулият саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи давлату миллат муваффақиятҳои беназир таманно дорам. Иди касбӣ муборак!

ТАБРИКОТИ САРДОРИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИСФАНДИЁРИ САЪДУЛЛО БА ИФТИХОРИ РЎЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА

Муҳтарам кормандони соҳаҳои алоқа, Ҳамкасбон ва ҳамкорони гиромӣ! Бо эҳтиром ва эҳсоси баланди ифтихор Шуморо ба муносибати Иди касбӣ – Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа самимона табрик намуда, бароятон барори кору рӯзгор, татбиқи нақшаҳои ояндасоз ва саодату сарбаландиро таманно мекунам. Имрӯзҳо алоқа ва соҳаҳои ба он марбут, унсури асосии зиндагӣ ва кору фаъолияти ҳар нафарро ташкил дода, ҳамчун васоити таҳвилу қабули мухобирот, таъмини иттиллоту маърифат, густариши фазои ягонаи иттилоотии мамлакат ва пеш аз ҳама муттаҳид ва пайвандсозии инсонҳо табдил ёфта, ҳамун омили рушди иқтисоди рақамӣ, арзёбӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки давлату Ҳукумати мамлакат ва пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди босуръати соҳаи алоқа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, баҳри дастрасии озоду бемайлони аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири телекоммуникатсионӣ, тадбирҳои муассирро роҳандозиву амалӣ менамояд. Бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, қабули “Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» исботи ин гуфтаҳо буда, дар рушди бемайлони соҳаи алоқа, рақамикунонии раванди корҳо ва ҳифзи иҷтимоии кормандони бахши телекоммуникатсонӣ бесобиқа мебошанд. Боиси қайди махсус аст, ки татбиқи амалии ташаббусу ибтикороти мазкур ба сатҳу сифати хизматрасониҳо, беҳсозии шароити кору фаъолият ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа таъсири мусбату назаррас расонида, дилро ба кор гарм ва садоқату самимиятро дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ афзун мегардонад. Ҳамкасбони азиз! Таҷлили имсолаи Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ба «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ», ки ба ифтихори Ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, рост омада, моро ба заҳмати тахассусмандонаву содиқона ҷиҳати пиёдасозии равандҳои созанда баҳри пешрафт ва ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони азиз, водор месозанд. Боварии комил дорем, ки мову Шумо дар ин ҷода чун ҳарвақта, пешсаф ва комгор хоҳем гардид. Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқаро бори дигар ба ҳамаи Шумо самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, неруи созанда, илҳоми тоза ва дастовардҳои беш аз пешро таманно мекунам. Ид муборак, ҳамкасбони гиромӣ!

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ХАДАМОТИ АЛОҚА

Имрӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса ва дар фазои идонаи саршор аз шодӣ таҷлил гардид. Дар ин чорабинии бошукуҳ роҳбарият ва кормандони соҳа, инчунин намояндагони зерсохторҳо фаъолона иштирок намуда, анъанаҳои неки ниёгонро бо эҳтироми хоса пос доштанд. Дар доираи ҷашн ҳар як зерсохтори Хадамоти алоқа бо оростани дастурхонҳои ҷашнӣ, намоиши таомҳои миллӣ, шириниҳои гуногун ва ороиши рамзии наврӯзӣ ҳунару завқи баланди худро муаррифӣ намуд. Дастурхонҳо бо унсурҳои хоси фарҳанги миллӣ, аз ҷумла суманак, ҳафтсину ҳафтшин, либосҳои миллӣ ва дигар анъанаҳои қадима зебу зиннат дода шуда, фазои идонаро боз ҳам рангоранг гардонданд. Ҳайати комиссия ба сифати ороиш, гуногунрангии таомҳо, риояи анъанаҳои миллӣ ва тарзи муаррифии ҳар як дастурхон баҳо дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд. Дар натиҷа, КВД «Почтаи Тоҷикистон» бо дастурхони ҷолиб, ороиши зебо ва муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ сазовори ҷойи дуюм гардид. Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳо ба таҳкими рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва боло бурдани ҳисси ифтихори ватандорӣ мусоидат менамоянд. Таҷлили Наврӯз дар Хадамоти алоқа бори дигар нишон дод, ки ин ҷашни бостонӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ, ҳамдилӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ миёни кормандон мавқеи хоса дорад.

Кумаки башардӯстона ба мардуми Эрон

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯмаки башардӯстона ирсол гардид. Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 3610 тонна бор, аз ҷумла аз 45 тонна доруворӣ, маводи зиёди санитарию беҳдоштӣ, сару либоси кӯдакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст. Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18 март ба ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон раҳсипор шуд ва ба зудӣ дастраси мардуми ниёзманд дар кишвари дӯсту бародар мегардад.

Ҳамкориҳои Хадамоти алоқа бо ширкати Ceragon Networks тақвият меёбад

Ҳайати роҳбарикунандаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар доираи сафари корӣ аз дафтари ширкати «Серагон Нетворкс» (Ceragon Networks) — истеҳсолкунандаи технология ва таҷҳизоти муосири соҳаи телекоммуникатсия, ки дар шаҳри Бухарести Руминия воқеъ мебошад, дидан намуданд. Дар ҷараёни боздид мулоқот бо Ноиби президенти ширкат ва роҳбари намояндагиҳо дар Руминия ва Словакия ҷаноби Корнел Ватаманиуч ва коршиносони ширкат сурат гирифт. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафта ва мубодилаи донишҳои соҳавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раванди фаъолияти ширкат, имкониятҳои техникии таҷҳизоти муосир ва роҳҳои татбиқи самараноки онҳо дар рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ аз наздик шинос гардид.

Иштироки Сардори Хадамоти алоқа дар мизи мудаввари Конгресси ҷаҳонии мобилӣ

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввари Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress), ки дар доираи Барномаи вазирони Ассотсиатсияи байналмилалии операторони мобилӣ (GSMA) баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои марбут ба сиёсатҳои фарогири тақсими спектр, ки ба пайваст намудани аҳолии аз шабакаҳои алоқа берунмонда равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиёни чорабинӣ доир ба густариши фарогирии рақамӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои алоқа ва нақши сиёсати самараноки идоракунии спектр дар рушди инфрасохтори рақамӣ табодули назар карданд.

Таҳкими ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU)

Рӯзи 2 март дар ҳошияи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress) дар шаҳри Барселона вохӯрии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо Дабири кулли ITU хонум Дорин Богдан-Мартин баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, рушди инфрасохтори рақамӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби узвияти Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии ITU баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуданд.

Қабули Нақшаи миллӣ ва Қоидаҳои танзими спектри радиобасомадҳо

25 феврали соли 2026 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахусти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа Нақшаи миллии тақсимоти радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои иҷозатдиҳии тақсимоти спектри радиобасомадҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, тасдиқ карда шуданд. Нақшаи миллӣ бори аввал ҳамчун ҳуҷҷати ягонаи меъёрии давлатӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқии идоракунии тамоми диапазонҳои басомади аз 8,3 кГц то 3000 ГГц-ро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Қоидаҳои тасдиқшуда механизми шаффоф ва муназзами иҷозатдиҳӣ, ҷудо ва истифодаи спектри радиобасомадҳоро муқаррар намуда, тартиби ягонаи танзими ин захираи стратегии миллиро таъмин мекунанд. Раиси Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни суханронии худ таъкид намуд, ки қабули ин санадҳо қадами муҳим дар самти таҳкими сиёсати давлатии танзими спектри радиобасомад буда, ба истифодаи самаранок ва мақсадноки он, рушди устувори бозори хизматрасониҳои алоқа ва технологияҳои рақамӣ, таҳкими рақобати солим миёни операторон ва ҳифзи манфиатҳои амнияти миллӣ мусоидат менамояд. Назорат ва татбиқи амалии санадҳои мазкур ба зиммаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида, минбаъд ҳамаи қарорҳои марбут ба ҷудокунии басомадҳо танҳо дар доираи нақша ва қоидаҳои тасдиқшуда амалӣ карда мешаванд.

Имзои созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар бораи “Рушди низоми Почтаи Тоҷикистон”

23 феврали соли 2026 байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сервис и Технология» созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Рушди низоми почтаи Тоҷикистон: автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ» ба имзо расонида шуд. Созишномаи мазкур ба рушди инфрасохтори соҳаи почта ва ҷорӣ намудани низоми муосири автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ нигаронида шудааст. Татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки сифати хизматрасониҳо беҳтар гардида, равандҳои коркард, ирсол ва назорати муросилот мутобиқ ба стандартҳои муосири байналмилалӣ ба роҳ монда шаванд. Дар доираи лоиҳа инчунин хизматрасониҳои логистикӣ ва иҷрои фармоишҳо такмил ёфта, имкониятҳои нав барои рушди савдои электронӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ фароҳам оварда мешаванд. Ин иқдом ба таҳкими зерсохтори коммуникатсионӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, маблағгузории пурраи он аз ҳисоби шарики хусусӣ — ҶДММ «Сервис и Технология» таъмин мегардад. Тибқи нақша, дар натиҷаи татбиқи лоиҳа беш аз 150 ҷойи кори нави доимӣ таъсис дода шуда, зиёда аз 500 нафар кормандони соҳаи алоқаи почта ба равандҳои нав ҷалб карда мешаванд.