Имрӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса ва дар фазои идонаи саршор аз шодӣ таҷлил гардид.

Дар ин чорабинии бошукуҳ роҳбарият ва кормандони соҳа, инчунин намояндагони зерсохторҳо фаъолона иштирок намуда, анъанаҳои неки ниёгонро бо эҳтироми хоса пос доштанд.

Дар доираи ҷашн ҳар як зерсохтори Хадамоти алоқа бо оростани дастурхонҳои ҷашнӣ, намоиши таомҳои миллӣ, шириниҳои гуногун ва ороиши рамзии наврӯзӣ ҳунару завқи баланди худро муаррифӣ намуд. Дастурхонҳо бо унсурҳои хоси фарҳанги миллӣ, аз ҷумла суманак, ҳафтсину ҳафтшин, либосҳои миллӣ ва дигар анъанаҳои қадима зебу зиннат дода шуда, фазои идонаро боз ҳам рангоранг гардонданд.

Ҳайати комиссия ба сифати ороиш, гуногунрангии таомҳо, риояи анъанаҳои миллӣ ва тарзи муаррифии ҳар як дастурхон баҳо дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.

Дар натиҷа, КВД «Почтаи Тоҷикистон» бо дастурхони ҷолиб, ороиши зебо ва муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.

Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳо ба таҳкими рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва боло бурдани ҳисси ифтихори ватандорӣ мусоидат менамоянд. Таҷлили Наврӯз дар Хадамоти алоқа бори дигар нишон дод, ки ин ҷашни бостонӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ, ҳамдилӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ миёни кормандон мавқеи хоса дорад.

Ибрози назар кардан

Email-и Шумо мунташир нахоҳад шуд. Обязательные поля помечены *