Дар Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 баргузор гардид

28 январи соли 2026 дар бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар соли 2025 баргузор гардид. Дар нишаст Роҳбарият, сардорони раёсатҳо ва зерсохторҳои Хадамоти алоқа, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони аввали ширкатҳои мобилӣ ва беш аз 50 намояндаи ВАО иштирок намуданд. Сардори Хадамоти аалоқа Исфандиёри Саъдулло аз натиҷаҳои асосии фаъолияти соҳа, иҷрои барномаҳои давлатӣ, ҷорӣ намудани лоиҳаҳои рақамисозӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои алоқаи дохиливу хориҷӣ иттилоъ дод. Таъкид гардид, ки дар соли 2025 Хадамоти алоқа ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи алоқа, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, густариши интернет, беҳтар намудани сифати иртиботи мобилӣ ва татбиқи технологияҳои муосир тадбирҳои муҳим амалӣ намуд. Зимни нишасти матуботӣ аз ҷониби рӯзноманигорон беш аз 30 савол пешниҳод гардида, Сардори Хадамоти алоқа ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух гуфт. Дар ҷараёни нишаст намояндагони ВАО вобаста ба масъалаҳои марбут ба нархи хизматрасониҳо, сифати интернет, фарогирии шабакаҳои мобилӣ дар минтақаҳо, истифодаи технологияҳои нав ва нақшаҳои минбаъдаи Хадамоти алоқа саволҳо пешниҳод намуданд, ки ба ҳамаи онҳо посухҳои муфассал дода шуданд. Дар фарҷом таъкид шуд, ки Хадамоти алоқа минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, дастрасии бештари аҳолӣ ба интернети босифат ва рушди устувори соҳа чораҳои иловагӣ меандешад.
Маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориз” ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат

Дар Хадамоти алоқа Маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориз»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти солона мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Дар ҷараёни маҷлис таъкид гардид, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориз» дар давраи ҳисоботӣ дар баробари дигар аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар иштироки фаъолона дошта, ҷиҳати татбиқи ҳадафу барномаҳои ҳизб саҳми назаррас гузоштаанд. Фаъолияти онҳо пеш аз ҳама ба тақвияти корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва таҳкими мавқеи ҳизб дар байни кормандони соҳа равона гардидааст. Муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориз» Нориён Парвиз зимни пешниҳоди ҳисоботи солона аз натиҷаҳои фаъолияти дохилиҳизбӣ, иштироки аъзоён дар чорабиниҳои сиёсӣ ва иҷрои уҳдадориҳои оинномавӣ ёдовар шуд. Ӯ зикр намуд, ки бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ба талаботи Оиннома ва Низомномаи ҲХДТ, инчунин такмили ҳуҷҷатгузорӣ, супоридани ҳаққи узвият ва ба қайдгирии мунтазами он дар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки таъсиси гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иқдоми саривақтӣ буда, он барои баланд бардоштани сатҳи интизоми ҳизбӣ, танзими ҳаракати аъзоён ва расонидани ёрии методӣ нақши муассир бозид. Дар натиҷаи ҳамкории мутақобила байни гуруҳи корӣ ва масъулини ҳизбии ташкилоти ибтидоии «Ориз» фаъолияти дохилиҳизбӣ шакли муназзам ва ҳадафманд касб намуд. Убайдулло Қурбонзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар баромади худ ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, онро ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву стратегӣ барои рушди минбаъдаи кишвар арзёбӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими амнияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба таври возеҳ муайян шудаанд. Номбурда ҳамчунин ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ишора намуда, таъкид кард, ки дар чунин шароит шинохти дурусти манфиатҳои миллӣ, таҳкими зиракии сиёсӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ, бахусус аъзои ҳизб мебошад. Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҲХДТ бояд дар татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат фаъолона саҳм гузошта, бо амалҳои худ намунаи ибрат бошанд. Сармуҳаррири Муассисаи давлатии «Маҷаллаи алоқа» Икромӣ Сироҷиддин Икром низ зимни баромади худ нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро шарҳ дода, дастовардҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2025 мавриди таҳлил қарор дод. Ӯ таъкид намуд, ки муваффақиятҳои бадастомада самараи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишвар буда, Паём ҳамчун роҳнамои амал барои тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи алоқа, хизмат мекунад. Дар фарҷоми маҷлис иштирокчиён иброз доштанд, ки мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат онҳоро ба фаъолияти боз ҳам самаранок, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ ва саҳмгузории бештар дар рушди устувори кишвар раҳнамун месозад. Қарор дода шуд, ки минбаъд низ аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориз» дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва ҳизб фаъолона иштирок намоянд.
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди телекоммуникатсия ба имзо расид

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар рушди иттилоотикунонӣ (информатизатсия) байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd. баргузор гардид. Ёддошти тафоҳум аз тарафи Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Садулло ва Раиси Шӯрои директорони Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd. Ҳан Сяохан ба имзо расониданд. Санади мазкур ҳамчун замина барои баррасӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, навсозии инфрасохтори рақамӣ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Ёддошти тафоҳум дар доираи шарикии стратегии ҳамаҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар марҳилаи нави рушд ба имзо расида, ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, инчунин ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ» мутобиқат мекунад.
Чорабинии канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» дар доираи Саммити «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон»

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ҷиҳати иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои «Муколаммаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ҳамчун ҷаласаи сатҳи олӣ ва қолаби бисёрҷонибаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ, як қатор чорабиниҳо ва мулоқотҳои дуҷониба баргузор гардиданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар самтҳои калидӣ равона шуда буданд. Аз ҷумла, 18 декабри соли равон дар шаҳри Токио дар доираи Саммити «Муколаммаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон», бо мақсади муаррифии зарфиятҳо ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои телекоммуникатсияву алоқа ва технологияҳои рақамӣ чорабинии канорӣ таҳти унвони «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур масъулини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба рушди инфрасохтори соҳаи алоқа ва технологияҳои телекоммуникатсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла соҳаи алоқа ва телекоммуникатсия равона гардида, дар он як қатор ширкатҳои хизматрасон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона доштанд.. Намояндагони ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳо ва доираҳои соҳибкории Ҷопон вохӯриҳои судманд анҷом дода, таҷрибаи пешқадам, имкониятҳои ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак ва маҳсулоту хизматрасониҳои худро муаррифӣ карда, зимнан масъалаҳои рушди стартапҳо, ҷалби сармоягузорӣ, содироти хизматрасониҳои рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши робитаҳои мустақими тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Баргузории чорабинии «Tajik-Japan Digital Business Connect» қадами муҳим дар самти муаррифии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар соҳаи технологияҳои телекоммуникатсионию алоқа арзёбӣ гардида, он ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушду такмил, таҷдиди инфрасохтор ва пешниҳоди хизматрасониҳои дорои сатҳу сифати баланд дар соҳаи алоқа ва интернети фарогиру босуръат, мусоидат хоҳад намуд. Мавриди зикри хос аст, ки иштироки Хадамоти алоқа дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ азми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати рушду навсозии инфрасохтори алоқа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои пешрафта бозгӯ менамояд.
Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”

16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорони фаъол ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ҳузур доштанд. Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли таърихӣ номиданд. Сарвари давлат дар бораи рӯйдодҳои таърихӣ ва санаҳои хотирмон андешаронӣ намуда, баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ номиданд. Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз руйдодҳои муҳими соли 2025 номида шуд. Гуфта шуд, ки дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои кишвари мо эътироф ва қабул гардид, аз ҷумла қабули қатъномаҳо доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ”, “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ”. Ба андешаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир андешаронӣ карда, дар назди парлумони кишвар вазифа гузоштанд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми бахши хусусӣ дар пешрафти кишвар ёдовар шуда, ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур доданд, ки барои осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 — 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар корҳои ободониву бунёдкорӣ аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт, маблағгузории ин бахшҳо, татбиқи лоиҳаҳои калон ва амалисозии барномаҳои стратегии онҳоро таҳлил намуданд. Зимни ироаи Паём ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аснои суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор пешниҳодҳоро манзури иштирокдорони чорабинӣ карданд, аз ҷумла пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо” ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо” табдил дода шавад. Инчунин, ба Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои дар пойтахти кишвар бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда бунёд кардани Маркази байналмилалии Наврӯз чораҳои мушаххас андешанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шаванд. Дар баробари ин, супориш дода шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия карда шаванд. Дар ин зимн, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Гуфта шуд, ки соли 2026 барои мардуми кишвар соли таърихӣ — соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад. Изҳори бовар карда шуд, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД «Почтаи Тоҷикистон»

Роҳбарият ва кормандони КВД «Почтаи Тоҷикистон» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуданд. Боиси зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъала баланд бардоштани сифати алоқа ва хизматрасониҳо дастуру супоришҳо доданд, ки ҳамаи онро кормандони КВД «Почтаи Тоҷикистон» сармашқи фаъолияти худ менамоянд. Аҳли заҳмати Корхона аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар руҳияи тоза гирифта, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои додашуда камар мебанданд.
Вохӯрӣ бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии почта (UPU)

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Берн бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии почта (UPU) Метоки Масаҳико мулоқот намуд. Зимни мулоқот, тарафҳо роҷеъ ба сатҳи рушди соҳа дар Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои Созмон ҷиҳати пешбурди соҳаи алоқа дар кишвар тавассути рақамикунонии хизматрасониҳои почтавӣ дар ҳамаи марҳила ва таҳкими хамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз дар доираи Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Саттор Ҳашемӣ баргузор гардид. Исфандиёри Саъдулло қайд кард, ки мулоқоту вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён зимни сафари давлатӣ, ки 15-17 январи соли 2025 баргузор гардид, барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳо такони ҷиддӣ дод. Ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои роуминги байналмилалӣ, воридоти трафики интернет аз Эрон, мубодилаи таҷриба дар соҳаи амнияти киберӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавиро муҳокима намуданд. Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда иброз намуданд.
Мулоқоти роҳбарияти КВД “Почтаи Тоҷикистон” бо намояндагони ширкати чинӣ

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи Тоҷикистон” бо намояндагони ширкати чинии Thoughland International мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи муросилот ва хизматрасониҳои почтавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо таъкид намуданд, ки рушди равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи хуберо барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахши почта ва логистика, фароҳам овардааст. Ҳадафи асосии вохӯрӣ муҳокимаи имкониятҳои муштарак барои беҳтар намудани хизматрасонии интиқоли бор ва ирсоли мактубу посилкаҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва алоқа буд. Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки дар оянда робитаҳои судманд миёни “Почтаи Тоҷикистон” ва шарикони чинӣ боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт ва ба беҳбуди сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Паёмрасони миллӣ ORIZ — гоми муҳим ба сӯйи истиқлоли рақамии Тоҷикистон

Дар давраи рушди босуръати технология ва рақобати ҷаҳонии иттилоотӣ, доштани воситаҳои миллии муошират ба яке аз унсурҳои муҳими истиқлол ва амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Дар ҳамин замина, бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҶСК “Тоҷиктелеком”паёмрасони нави миллӣ бо номи ORIZ ба фаъолият оғоз кард. Ин барномаи муосир барои таъмини иртиботи осон, босифат ва бехатар миёни шаҳрвандони кишвар, тоҷикони бурунмарзӣ ва тамоми корбарони интернет таҳия гардида, ҳадафи он фароҳам овардани муҳити рақамии комилан ватанӣ ва боэътимод мебошад. Дастрасӣ ба ORIZ дар тамоми кишварҳои олам имконпазир аст. Аз назари имконоти корбурдӣ паёмрасони ORIZ имкони ирсоли паёмҳои матнӣ, овозӣ ва видеоиро дар сатҳи баланд фароҳам меорад. Бо истифода аз он, ҳар як корбар метавонад бо наздикон, ҳамкорон ва дӯстони худ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар бе маҳдудият дар тамос бошад. ORIZ имкониятҳои фаровон дорад, аз ҷумла: ирсоли паёмҳои матнӣ ва овозӣ; зангҳои видеоӣ ва овозӣ бо сифати баланд; эҷоди гурӯҳҳо ва каналҳо барои муошират ва ҳамкорӣ; ирсоли файлҳо, аксҳо ва видеоҳоро бе маҳдудият; ташкили видеоконфронсҳо тавассути пайванд, ҳатто бе сабти ном. Ин ҳама имкониятҳо ORIZ-ро на танҳо як паёмрасон, балки платформаи комили ҳамкорӣ ва иртиботи рақамӣ месозанд. Пайвастшавӣ ба ORIZ хеле содда ва дастрас аст. Барнома дар барои телефонҳои Android (дар Google Play), iOS (дар App Store) ва барои компютерҳои Windows ва Mac, инчунин тавассути веб-версия низ дастрас мебошад. Барои сабти ном танҳо рақами телефон лозим аст. Пас аз ворид кардани рақам, ба истифодабаранда як рамз тавассути SMS ирсол мешавад ва бо ворид кардани он — профил фаъол мегардад. Барномаи мазкур универсалӣ аст, ки ҳам барои шаҳрвандони оддӣ, ҳам барои кормандони ширкатҳо, муассисаҳо ва сохторҳои давлатӣ пешбинӣ шуда, имкони кори ҳамоҳангро фароҳам меорад. Яке аз бартарияҳои муҳими ORIZ ин самаранокӣ дар шароити суръати пасти интернет мебошад. Азбаски серверҳо ва маркази маълумоти он дар дохили кишвар ҷойгир шудаанд, корбарон метавонанд ҳатто бо интернети пастсуръат низ паём ирсол кунанд, занг зананд ё видеоконфронс баргузор намоянд. Ин бартарӣ, пеш аз ҳама, барои минтақаҳои дурдасти кишвар ва муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ хеле муҳим аст, зеро аксари барномаҳои хориҷӣ танҳо дар шароити интернети баландсуръат хуб кор мекунанд. Боиси таъкиди хос аст, ки дар чанд соли охир, ҷаҳон шоҳиди ҳодисаҳои зиёде шуд, ки дастрасӣ ба платформаҳои хориҷӣ маҳдуд гардид. Масалан, дар Русия замоне Телеграм ва Вотсап маҳдуд шуданд, ҳазорҳо муҳоҷир барои иртибот бо аҳли оилаи худ дар Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ шуданд. Ин таҷриба нишон дод, ки вобастагӣ аз шабакаҳои хориҷӣ метавонад ба амнияти иттилоотӣ ва иртиботи иҷтимоӣ зарар расонад, зеро серверҳо, маълумот ва сиёсати истифодаи чунин барномаҳо дар ихтиёри кишварҳои дигар қарор доранд ва ҳеҷ кафолати устуворӣ ва дастрасии доимӣ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, таъсиси ORIZ, метавонад як қадами ҷиддӣ ба сӯйи истиқлоли рақамии Тоҷикистон бошад. Он имкон медиҳад, ки додаҳои корбарон дар дохили кишвар ҳифз шаванд, иртибот бе вобастагӣ аз кишварҳои дигар таъмин гардад, муассисаҳо ва шаҳрвандон дар муҳити амн ва боэътимод муошират кунанд. Ҳамин тавр, ORIZ на танҳо як барнома, балки платформаи миллӣ барои ҳифзи манфиатҳои иттилоотӣ ва истиқлоли рақамии кишвар мебошад. ORIZ бо тарҳи муосир, интерфейси содда ва танзимоти техникии қуллай таҳия шудааст. Метавон умед баст, ки бо барҷаста шудани мавқеи он миёни корбарони дохилию хориҷии интернет барномаи мазкур ба бренди миллии Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ табдил хоҳад ёфт. Пайдо шудани чунин платформаҳо ватанӣ дар шароити рақобати ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон низ метавонад барномаҳои баландсифат ва амнро бо истифода аз иқтидорҳои худ таҳия намояд. Бо итминон метавон, ки аз ҷониби созандагон иқтидор, вазифаҳо ва сохтори ORIZ марҳила ба марҳила барҷастатар мегардад. Дар ояндаи наздик мо шоҳиди афзудани имкониятҳои техникӣ ва функсионалӣ, таъмин кардани истифодаи ройгон аз тариқи тамоми операторони алоқаи кишвар, густариши хизматрасониҳои нав дар бахши амнияти рақамӣ ва ҳамкорӣ хоҳем буд. Ҳадафи Хадамоти алоқа дар ниҳоят табдил додани ORIZ ба платформаи пурқуввати миллии иртибот ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон мебошад.