Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар рушди иттилоотикунонӣ (информатизатсия) байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd. баргузор гардид.

Ёддошти тафоҳум аз тарафи Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Садулло ва Раиси Шӯрои директорони Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd. Ҳан Сяохан ба имзо расониданд.

Санади мазкур ҳамчун замина барои баррасӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, навсозии инфрасохтори рақамӣ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Ёддошти тафоҳум дар доираи шарикии стратегии ҳамаҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар марҳилаи нави рушд ба имзо расида, ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, инчунин ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ» мутобиқат мекунад.

Ибрози назар кардан

Email-и Шумо мунташир нахоҳад шуд. Обязательные поля помечены *