Вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз дар доираи Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Саттор Ҳашемӣ баргузор гардид. Исфандиёри Саъдулло қайд кард, ки мулоқоту вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён зимни сафари давлатӣ, ки 15-17 январи соли 2025 баргузор гардид, барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳо такони ҷиддӣ дод. Ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои роуминги байналмилалӣ, воридоти трафики интернет аз Эрон, мубодилаи таҷриба дар соҳаи амнияти киберӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавиро муҳокима намуданд. Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда иброз намуданд.
Мулоқоти роҳбарияти КВД “Почтаи Тоҷикистон” бо намояндагони ширкати чинӣ

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи Тоҷикистон” бо намояндагони ширкати чинии Thoughland International мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи муросилот ва хизматрасониҳои почтавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо таъкид намуданд, ки рушди равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи хуберо барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахши почта ва логистика, фароҳам овардааст. Ҳадафи асосии вохӯрӣ муҳокимаи имкониятҳои муштарак барои беҳтар намудани хизматрасонии интиқоли бор ва ирсоли мактубу посилкаҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва алоқа буд. Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки дар оянда робитаҳои судманд миёни “Почтаи Тоҷикистон” ва шарикони чинӣ боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт ва ба беҳбуди сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Паёмрасони миллӣ ORIZ — гоми муҳим ба сӯйи истиқлоли рақамии Тоҷикистон

Дар давраи рушди босуръати технология ва рақобати ҷаҳонии иттилоотӣ, доштани воситаҳои миллии муошират ба яке аз унсурҳои муҳими истиқлол ва амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Дар ҳамин замина, бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҶСК “Тоҷиктелеком”паёмрасони нави миллӣ бо номи ORIZ ба фаъолият оғоз кард. Ин барномаи муосир барои таъмини иртиботи осон, босифат ва бехатар миёни шаҳрвандони кишвар, тоҷикони бурунмарзӣ ва тамоми корбарони интернет таҳия гардида, ҳадафи он фароҳам овардани муҳити рақамии комилан ватанӣ ва боэътимод мебошад. Дастрасӣ ба ORIZ дар тамоми кишварҳои олам имконпазир аст. Аз назари имконоти корбурдӣ паёмрасони ORIZ имкони ирсоли паёмҳои матнӣ, овозӣ ва видеоиро дар сатҳи баланд фароҳам меорад. Бо истифода аз он, ҳар як корбар метавонад бо наздикон, ҳамкорон ва дӯстони худ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар бе маҳдудият дар тамос бошад. ORIZ имкониятҳои фаровон дорад, аз ҷумла: ирсоли паёмҳои матнӣ ва овозӣ; зангҳои видеоӣ ва овозӣ бо сифати баланд; эҷоди гурӯҳҳо ва каналҳо барои муошират ва ҳамкорӣ; ирсоли файлҳо, аксҳо ва видеоҳоро бе маҳдудият; ташкили видеоконфронсҳо тавассути пайванд, ҳатто бе сабти ном. Ин ҳама имкониятҳо ORIZ-ро на танҳо як паёмрасон, балки платформаи комили ҳамкорӣ ва иртиботи рақамӣ месозанд. Пайвастшавӣ ба ORIZ хеле содда ва дастрас аст. Барнома дар барои телефонҳои Android (дар Google Play), iOS (дар App Store) ва барои компютерҳои Windows ва Mac, инчунин тавассути веб-версия низ дастрас мебошад. Барои сабти ном танҳо рақами телефон лозим аст. Пас аз ворид кардани рақам, ба истифодабаранда як рамз тавассути SMS ирсол мешавад ва бо ворид кардани он — профил фаъол мегардад. Барномаи мазкур универсалӣ аст, ки ҳам барои шаҳрвандони оддӣ, ҳам барои кормандони ширкатҳо, муассисаҳо ва сохторҳои давлатӣ пешбинӣ шуда, имкони кори ҳамоҳангро фароҳам меорад. Яке аз бартарияҳои муҳими ORIZ ин самаранокӣ дар шароити суръати пасти интернет мебошад. Азбаски серверҳо ва маркази маълумоти он дар дохили кишвар ҷойгир шудаанд, корбарон метавонанд ҳатто бо интернети пастсуръат низ паём ирсол кунанд, занг зананд ё видеоконфронс баргузор намоянд. Ин бартарӣ, пеш аз ҳама, барои минтақаҳои дурдасти кишвар ва муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ хеле муҳим аст, зеро аксари барномаҳои хориҷӣ танҳо дар шароити интернети баландсуръат хуб кор мекунанд. Боиси таъкиди хос аст, ки дар чанд соли охир, ҷаҳон шоҳиди ҳодисаҳои зиёде шуд, ки дастрасӣ ба платформаҳои хориҷӣ маҳдуд гардид. Масалан, дар Русия замоне Телеграм ва Вотсап маҳдуд шуданд, ҳазорҳо муҳоҷир барои иртибот бо аҳли оилаи худ дар Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ шуданд. Ин таҷриба нишон дод, ки вобастагӣ аз шабакаҳои хориҷӣ метавонад ба амнияти иттилоотӣ ва иртиботи иҷтимоӣ зарар расонад, зеро серверҳо, маълумот ва сиёсати истифодаи чунин барномаҳо дар ихтиёри кишварҳои дигар қарор доранд ва ҳеҷ кафолати устуворӣ ва дастрасии доимӣ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, таъсиси ORIZ, метавонад як қадами ҷиддӣ ба сӯйи истиқлоли рақамии Тоҷикистон бошад. Он имкон медиҳад, ки додаҳои корбарон дар дохили кишвар ҳифз шаванд, иртибот бе вобастагӣ аз кишварҳои дигар таъмин гардад, муассисаҳо ва шаҳрвандон дар муҳити амн ва боэътимод муошират кунанд. Ҳамин тавр, ORIZ на танҳо як барнома, балки платформаи миллӣ барои ҳифзи манфиатҳои иттилоотӣ ва истиқлоли рақамии кишвар мебошад. ORIZ бо тарҳи муосир, интерфейси содда ва танзимоти техникии қуллай таҳия шудааст. Метавон умед баст, ки бо барҷаста шудани мавқеи он миёни корбарони дохилию хориҷии интернет барномаи мазкур ба бренди миллии Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ табдил хоҳад ёфт. Пайдо шудани чунин платформаҳо ватанӣ дар шароити рақобати ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон низ метавонад барномаҳои баландсифат ва амнро бо истифода аз иқтидорҳои худ таҳия намояд. Бо итминон метавон, ки аз ҷониби созандагон иқтидор, вазифаҳо ва сохтори ORIZ марҳила ба марҳила барҷастатар мегардад. Дар ояндаи наздик мо шоҳиди афзудани имкониятҳои техникӣ ва функсионалӣ, таъмин кардани истифодаи ройгон аз тариқи тамоми операторони алоқаи кишвар, густариши хизматрасониҳои нав дар бахши амнияти рақамӣ ва ҳамкорӣ хоҳем буд. Ҳадафи Хадамоти алоқа дар ниҳоят табдил додани ORIZ ба платформаи пурқуввати миллии иртибот ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Форуми байналмилалии “Digital Tajikistan 2025” дар Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 13-уми октябр Форум кори худро дар бахшҳои ҷудогона идома дод. Аз ҷумла, қисмати мавзӯи «Тиҷорати электронӣ. Бозорҳо. Ронандагони асосӣ ва нуқтаҳои нави афзоиш. Логистика ва иҷрои фармоиш, имрӯз» дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он намояндагони соҳаҳои тиҷорати электронию бахши муросилотии кишвар иштирок намуданд. Директори КВД «Почтаи Тоҷикистон» Мирзозода Сайдалӣ дар мавзӯи «Шабакаи почта ҳамчун муҳаррики баробарии рақамӣ: тавсеаи дастрасӣ ба интиқол ва хидматҳо барои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон» баромад намуда, самтҳои нави рушди бахши мурсилоти электронӣ ва роҳҳои дигари дастраснамоии молу маҳсулотро тавзеҳ доданд.