Роҳбарият ва кормандони КВД «Почтаи Тоҷикистон» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуданд.

Боиси зикри хос аст, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъала баланд бардоштани сифати алоқа ва хизматрасониҳо дастуру супоришҳо доданд, ки ҳамаи онро кормандони КВД «Почтаи Тоҷикистон» сармашқи фаъолияти худ менамоянд.

Аҳли заҳмати Корхона аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар руҳияи тоза гирифта, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои додашуда камар мебанданд.

Ибрози назар кардан

Email-и Шумо мунташир нахоҳад шуд. Обязательные поля помечены *