10 марти соли 2026 дар шаҳри Бухарести Руминия дар доираи сафари корӣ вохӯрии ҳайати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Мақомоти миллии танзим ва идоракунии соҳаи алоқаи Руминия (ANCOM) Валериу Жгонеа баргузор гардид.
Зимни мулоқоти корӣ, ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ, танзими бозори телекоммуникатсионӣ, идоракунии спектри радиобасомадҳо, инчунин рушди инфрасохтори почта ва технологияҳои рақамиро баррасӣ карданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор карданд. Аз рӯйи натиҷаҳои музокирот ҷонибҳо ба омодасозӣ ва имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа изҳори ҳавасмандӣ намуда, таъкид карданд, ки ин иқдом метавонад қадами муҳим дар роҳи таҳким ва рушди минбаъдаи шарикии дуҷониба гардад.
