Муҳтарам кормандони соҳаҳои алоқа,

Ҳамкасбон ва ҳамкорони гиромӣ!

Бо эҳтиром ва эҳсоси баланди ифтихор Шуморо ба муносибати Иди касбӣ – Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа самимона табрик намуда, бароятон барори кору рӯзгор, татбиқи нақшаҳои ояндасоз ва саодату сарбаландиро таманно мекунам.

Имрӯзҳо алоқа ва соҳаҳои ба он марбут, унсури асосии зиндагӣ ва кору фаъолияти ҳар нафарро ташкил дода, ҳамчун васоити таҳвилу қабули мухобирот, таъмини иттиллоту маърифат, густариши фазои ягонаи иттилоотии мамлакат ва пеш аз ҳама муттаҳид ва пайвандсозии инсонҳо табдил ёфта, ҳамун омили рушди иқтисоди рақамӣ, арзёбӣ мегардад.

Аз ин ҷост, ки давлату Ҳукумати мамлакат ва пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди босуръати соҳаи алоқа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, баҳри дастрасии озоду бемайлони аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири телекоммуникатсионӣ, тадбирҳои муассирро роҳандозиву амалӣ менамояд.

Бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, қабули “Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» исботи ин гуфтаҳо буда, дар рушди бемайлони соҳаи алоқа, рақамикунонии раванди корҳо ва ҳифзи иҷтимоии кормандони бахши телекоммуникатсонӣ бесобиқа мебошанд.

Боиси қайди махсус аст, ки татбиқи амалии ташаббусу ибтикороти мазкур ба сатҳу сифати хизматрасониҳо, беҳсозии шароити кору фаъолият ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа таъсири мусбату назаррас расонида, дилро ба кор гарм ва садоқату самимиятро дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ афзун мегардонад.

Ҳамкасбони азиз!

Таҷлили имсолаи Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ба «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ», ки ба ифтихори Ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, рост омада, моро ба заҳмати тахассусмандонаву содиқона ҷиҳати пиёдасозии равандҳои созанда баҳри пешрафт ва ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони азиз, водор месозанд. Боварии комил дорем, ки мову Шумо дар ин ҷода чун ҳарвақта, пешсаф ва комгор хоҳем гардид.

Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқаро бори дигар ба ҳамаи Шумо самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, неруи созанда, илҳоми тоза ва дастовардҳои беш аз пешро таманно мекунам.

Ид муборак, ҳамкасбони гиромӣ!

Ибрози назар кардан

Email-и Шумо мунташир нахоҳад шуд. Обязательные поля помечены *