7 май дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» машварати кории муштарак бо иштироки намояндагони масъули Вазорати нақлиёт, Хадамоти гумрук ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин нишаст дар доираи иҷрои бандҳои 48 ва 49-и Нақшаи амали «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» доир шуда, ҳадафи асосии он таҳияи механизмҳои самараноки ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи тиҷорати рақамӣ буд.
Дар рафти машварат ба иштирокчиён рӯнамои (презентация) муфассал оид ба ворид намудани системаи муосири ORE plus, ки лоиҳаи Иттиҳоди почтаи байналмилалӣ мебошад, намоиш дода шуд. Таъкид гардид, ки ҷорисозии ин система дар фаъолияти «Почтаи Тоҷикистон» имкон медиҳад, ки равандҳои логистикӣ ва почтавӣ пурра автоматикунонӣ шуда, заминаи техникии савдои электронӣ дар кишвар тақвият ёбад. Ҳамзамон, намояндагони Хадамоти гумрук лоиҳаи ҷойгиркунии ширкатҳои маркетплейс ва сохтани феҳристи ягонаи онҳоро муаррифӣ намуданд, ки ин иқдом барои шаффофияти амалиёти тиҷоратӣ ва танзими дурусти гумрукии молҳо зарур мебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ миёни намояндагони вазорату идораҳо саволу ҷавоби судманд сурат гирифта, иштирокчиён оид ба ҳамоҳангсозии минбаъдаи платформаҳои мавҷуда ва ҳалли масъалаҳои соҳавӣ табодули афкор намуданд. Натиҷаҳои ин машварат ба эҷоди низоми воҳид ва муосири савдои электронӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
