«Почтаи тоҷик»: Матбуоти даврӣ ва маҷаллаҳо сари вақт дастраси мизоҷон мегардад

Аз тарафи КВД «Почтаи тоҷик» барои сари вақт дастраси обуначиён намудани матбуоти даврӣ ва маҷаллаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҳар ҳафта 5 маротиба муросилот дар ин самт амалӣ мегардад. Др шашмоҳаи аввали соли 2025 ба мизоҷон 18 миллиону 326 ҳазору 512 адад рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 58910 адад зиёд аст. Ба ҳисоби банди фоизӣ ин нишондод 102,1%-и нақшаи амалро ташкил медиҳад. Вазни умумии матбуоти даврии коркардшуда ва дастрасгардида 120 тонаю 326 килограмро ташкил намуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 4509 килограм зиёд аст.
Имзои шартномаи ҳамкорӣ миёни “Почтаи Тоҷикистон” ва ҶДММ “Автоэътимод”

Директори генералии КВД “Почтаи Тоҷикистон” Мирзозода Сайдали бо масъулини ҶДММ “Автоэътимод” вохурӣ намуд. Зимни вохурӣ масоили ҳамкории дуҷониба бо мақсади ташкил намудани низоми муштараки қабулу фиристодани фармоишҳо (Pick-up / Drop-off), насби ҷевонҳои ҳушманд (постаматҳо) ва рушди инфрасохтори савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз натиҷаи мулоқот шартномаи дутарафаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, зикр гардид, ки дар марҳилаи аввал бандҳои шартнома дар 6 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз қабили Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Турсунзода, Исфара ва Рўдакӣ мавриди татбиқ қарор мегирад. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик фарогирии шаҳру ноҳияҳоро зиёд менамоянд. ҶДММ “Автоэътимод” дар асоси шартнома бо КВД “Почтаи Тоҷикистон” имкон пайдо намуд, ки ба таври мустақил раванди молрасониро ба фармоишгарон иҷро намояд, субагентҳоро ба кор ҷалб кунад, шумораи зарурии кормандону матахассисонро ба кор қабул намояд ва лавҳаю ҷевонҳоро баъд аз мувофиқа дар нуқтаҳои хизматрасонии муайяннамудаи КВД “Почтаи Тоҷикистон” ҷойгир намояд.