Девони барид

  Низоми иттилоърасонӣ дар замони қадим ташаккул ёфт ва яке аз чунин ташкилотҳои идории боназм дар аҳди Ҳахоманишиён таъсис дода шуд, ки бархе аз муаррихон ин хонадонро асосгузори низоми почта хондаанд. Чопархонаҳои сохтаи эшон дар гӯшаҳои давлат иттилоот ва муросилоти давлатиро мерасонданд ва таъсисгузори чопархонаи нахустин Дориюши аввалро мешуморанд.   Пас аз фатҳи сарзаминҳои иронӣ аз ҷониби мусалмонон ҳукуматҳои исломӣ ин низомро аз ҳукуматҳои пешини иронӣ ҷуброн намуда, идораи махсус ба он “Девон-ул-барид”-ро сохтанд. Дар замонҳои баъдӣ, пас аз таназзули ин ҳукуматҳо давлатҳои миллӣ арзи вуҷуд карданд ва ин низомро маҳфуз доштанд. Хусусан, Давлати Сомониён чунин шабакаи иртиботии мунтазами хеш “Девон-ул-барид”-ро таъсис дод.   Девони барид ташкилоти махсуси давлатӣ буд ва вазифаи он таъмини иртибот байни марказу вилоятҳо, расондани сареи гузоришу рӯйдодҳои муҳим,  ирсоли паёму номаҳо, расондани амру фармонҳои давлатӣ, ҳамлу нақли молу колои давлатӣ ва баъзан хусусӣ буд, ки дар раъси он “Соҳиб-ул барид” қарор дошт. Соҳиб-ул-барид дар марказ ва кормандони ӯ “Асҳоб-ул-барид” дар шаҳру музофот буданд, ки аз ӯ итоат карда, корҳои марбут ба ин созмонро анҷом медоданд. Муросилот ба кормандони махсуси пиёда ва савора супурда мешуданд ва вазифаи онҳо босуръат расондани он буд.   Ба ҷуз расондани муросилоти давлатӣ Соҳиб-ул-барид вазифаи ҷосусиро бар ӯҳда дошт. Аз ин ҷиҳат, мақому мартабаи махсус ва вазифаи ҳассос дошт. Бо амир ҳамвора дар иртибот буд. Ӯ ду вазифаи муҳимро ба дӯш дошт: номарасонӣ ва таҷассус. Ба василаи кормандони зердасташ дар шаҳру навоҳии давлат иттилооти мухталифро аз кору афъоли кормандони давлат, вазъи зиндагии мардум ҷамъ меоварданд. Аз кору фаъолияти қозиён ва дигар маъмурони давлатӣ аз дигар манотиқ ба марказ махфӣ иттилоъ медоданд.   Пайнавишт: Вожаи “барид” дар луғатҳо “номарасон”, “пайк”, “чопар” маънидод шудааст. Муассисаи баридро “Девон-ул-барид, “Чопархона”, “Номарасонӣ” меномиданд.

Почтаи Форси қадим

  Ҳахоманишиён – сулолаи давлатдории қадими иронӣ ҳанӯз дар асри VI пеш аз милод низоми мураттаб ва муназзами почтаро таъсис дода буданд. Тавре ки маъхазҳо зикр мекунанд, почта дар ин сарзаминҳо аз ин қадимтар арзи вуҷуд доштааст ва дар замони ҳукумати дарозмуддати ин сулола ба низоми муташккил муббадал гардид.   Тибқи ахбороти Ҳеродот ва Ксенофон дар замони ҳукмронии Куруши Кабир (550-529 пеш аз милод) дар тӯли роҳои муҳим нуқтаҳои почта сохта шуда буданд, ки аз ҳамдигар дар фосилаи давиши якрӯзаи асп воқеъ гашта буданд. Дар ин пойгоҳҳо қосидон истироҳату шабгузаронӣ ва ҳайвоноти саворияшон бадал карда мешуданд.   Паёмрасонӣ умдатан аз тариқи қосидонони савора – “ангар”-ҳо анҷом дода мешуд ва низоми почтаро дар он аҳ “ангарийон” меномиданд. Ин навъи пайғомрасонӣ барои расондани босуръати ахбор ба шаҳру гӯшаҳои давлати паҳновар бартар буд.   Низоми почтаи сохтаи форсҳо аз беҳтаринҳои аҳди қадим буд ва бисёре аз давлатҳои баъдӣ (аз ҷумла Рум) низоми почтаи хешро дар асоси он таъсис доданд.

Почта дар аҳди қадим

  Дар замони қадим мардум барои интиқоли иттилооти муҳим аз овози одамӣ истифода мекарданд. Интиқоли шифоҳии иттилоот барои мардум нобоб буд, зеро дар масофаҳои дур овози одамӣ шунида намешуд ва барои тақвияти интиқоли садо танаи рустаниҳои дарунковок ва дар давраҳои баъдтар таблҳоро истифода мебурданд. Ба воситаи овози зарбҳои рамзӣ ахборро аз маҳалле ба маҳал мунтақил мекарданд. Ҳамчунин, барои расондани хабаре аз оташу дуд истифода мекарданд (Ҳоло қабилаҳои африқоӣ барои паҳн кардани хабар ба қабоили дигар аз табл истифода мебаранд ва ҳиндувони Канада аз дуд дар асри XX барои ин кор истифода мебурданд).   Баъди падид омадани хат расми расондани хабар тавассути номаҳо роиҷ гардид, ки онҳоро хаткашонҳои махсус – қосидҳо мерасонданд. Дар ибтидо қосидони пиёдагард ин корро анҷом медоданд. Баъдан барои босуръат анҷом додани мукотибот, фавран расондани хабарҳо аз маҳал ба маҳаллҳои дуру наздик қосидони савора ба адои ин амр маъмур гаштанд.   Дар аҳди қадим барои расондани фармону пайғомҳои давлатӣ почтаи давлатӣ ба вуҷуд омад ва дар давлатҳои қадимии Байнаннаҳрайн, Миср, Юнон, Форс, Чин, Рум хадамоти почтаи давлатӣ ба хубӣ таъсис дода шуда буд, ки паёмҳои хаттӣ аз ҷониби қосидони пиёдаю савора мисли сабқат (эстафета) расонда мешуданд: қосид номаро то маҳалле расонда, ба қосиди дигар медод ва ӯ онро то маҳалли баъдӣ ба қосиди мунтазир мерасонд.   Дар ибтидо почта дар хизмати давлат буд ва барои гирифтани ахбор аз гӯшаву канораҳои давлат воситаи муҳим буд. Почтаи давлатии Мисри қадим кӯҳантарин ва хуб созмондодатарин буд, ки деворнақшҳои бозёфта аз вуҷуди бештар аз сеҳазорсолаи он бозгӯӣ мекунанд. Қосидони махсуси пиёдаву савора ахбору пайғомҳоро босуръат ба гӯшаҳои қаламрави давлат ва давлатҳои ҳамсоя, ба қитъаҳои дигар мерасонданд. Барои расондани номаҳо кабутаронро ҳам истифода мебурданд.   Дар Юнони қадим низоми почтаи заминӣ ва баҳрӣ таъсис дода шуда буд. Қосидони даванда дар як соат то 10 км масофаро тай мекарданд. Маъруфтарин қосиди он аҳд Филиппид буд, ки ба ривояти Плуторх барои расондани хабари пирӯзии юнониён бар форсҳо дар ҷанги Марафон то Афина давида, хабарро расонда, аз бемадорӣ ҷон медиҳад. Дар хизмати почтаи давлатӣ гурӯҳҳои қосидони савора (бо аспу шутур) буданд.   Дар Руми қадим ба ҷуз почтаи давлатӣ ашрофон низ қосидони хешро доштанд. Ҳокимони Рум почтаи муташаккил ва муҷаҳҳази хешро доштанд, ки ходимони зиёд ва ҳайвоноти боркаш дар хизмати он буданд. Ҳамчунин, почтаи баҳрӣ доштанд. Барои иваз намудани ҳайвони боркаш ва осудани чопарон дар тӯли шоҳроҳҳо дар фосилаи якрӯзароҳ истгоҳҳо сохта шуданд, ки қосидон дар онҳо истироҳат карда, ҳайвоноти боркашро иваз мекарданд. Ба ҷуз нома барои кашондани баста, сандуқ ва дигар борҳо фойтунҳоро ба кор мебурданд. Тавассути почтаи давлатии Рум мукотиботӣ шахсӣ низ фиристода мешуданд ва почтаи Рум боэътимод ва хуб ҳифозатшуда буд.   Почтаи Чини қадим таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Қосидони пиёда ва савора фаъолият дошта, дар фосилаҳои наздик истгоҳҳо барои осоишу таомхӯрӣ ва дар фосилаҳои дур истгоҳҳо барои шабгузаронӣ мавҷуд буданд.