Нимаи дуюми рӯзи 14-уми октябр Форуми байналмилалии “Digital Tajikistan 2025” дар Душанбе кори худро дар бахшҳои ҷудогона идома дод. Аз ҷумла, қисмати мавзӯи «Тиҷорати электронӣ. Бозорҳо. Ронандагони асосӣ ва нуқтаҳои нави афзоиш. Логистика ва иҷрои фармоиш, имрӯз» дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он намояндагони соҳаҳои тиҷорати электронию бахши муросилотии кишвар иштирок намуданд.
Директори КВД «Почтаи Тоҷикистон» Мирзозода Сайдалӣ дар мавзӯи «Шабакаи почта ҳамчун муҳаррики баробарии рақамӣ: тавсеаи дастрасӣ ба интиқол ва хидматҳо барои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон» баромад намуда, самтҳои нави рушди бахши мурсилоти электронӣ ва роҳҳои дигари дастраснамоии молу маҳсулотро тавзеҳ доданд.
