Имрӯз дар бинои КВД «Почтаи Тоҷикистон» ҷаласаи корӣ вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи шуъбаву идораҳои зерсохтори Корхона ва вазифаҳо барои семоҳаи чорум, доир гардид.
Дар ҷаласа муовини Сардори Хадамоти алоқа, директори генералии КВД «Почтаи Тоҷикистон», роҳбарони почтаҳои вилоятию минтақавӣ ва масъулини дигар зерсохторҳои Корхона, иштирок намуданд.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки давоми 9 моҳи соли 2025 4 муассисаи вилоятӣ, 60 маркази алоқаи почтаи шаҳрию ноҳиявӣ ва 470 шуъбаи алоқаи шаҳрию деҳотии почта ба таври нақшавӣ фаъолият намуда, нишондиҳандаҳои назаррас доранд.
Илова гардид, ки муросилоти почта ҳафтае 5 маротиба баробари чопи нашрияҳои давлатӣ ба манотиқи ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидааст, ки танҳо дар нуҳ моҳи соли равон ба мизоҷон 27 миллиону 167 ҳазору 952 рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 14 миллиону 442 ҳазору 610 адад зиёд мебошад.
Директори генералии КВД «Почтаи Тоҷикистон» зикр намуд, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ва Хадамоти алоқа ба фаъолияти «Почтаи Тоҷикистон», шароити хизматрасонии муросилотӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа меёбанд.
Ҳамин боис гардид, ки соли 2025 бо 11 ширкати муросилотии дохилию хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуда, инчунин вохуриҳо бо намояндагони дигар ширкатҳо бо мақсади бастани шартномаҳои ҳамкорӣ доир гардиданд.
Давоми соли 2025 бо дастгирии роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад автомашинаи нав барои хизматрасонии почтавӣ харидорӣ гардидааст, ки ба сифати кор таъсири хубе расонидааст.
Дар баробари зикри пешравиҳои соҳа, инчунин аз мушкили ҷойдошта дар самти хизматрасонӣ, қарздориҳо аз андозу барқ, вазъи биноҳои шуъбаҳои Почта дар шаҳру ноҳияҳо ва ғайра маълумот ироа гардида, музокираҳо сурат гирифтанд. Барои ҳалли мушкили ҷойдошта тавсияҳо дода шуд.
Дар охири ҷаласа роҳбарони ниҳодҳои марбутаи КВД «Почтаи Тоҷикистон» вазифадор карда шуданд, ки соли 2025-ро бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст намоянд.
Бахши матбуотии «Почтаи Тоҷикистон»
