Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2025 таҳти рақами 481 “Дар бораи корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар заминаи муттаҳидшавии КВД “Почтаи тоҷик”, КВД “Алоқаи махсус” ва КВД “Маркази марка” Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Дар заминаи муттаҳидшавии корхонаҳо имкониятҳои рушди якҷоя зиёд гардида дар назар аст, ки бахши муросилотии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар ба марҳилаи нав ворид гардад.
Маврид ба зикр аст, ки муросилотии почтавии Тоҷикистон бо номи КВД “Почтаи тоҷик” аз соли 1997 фаъолият мекард. Ҳарчанд ин бахш дар замони шуравӣ низ фаъол буд, аммо он замон асосан бо номҳои шуъбаи стасионарӣ ва идораҳои алоқа корашро пеш мебурд.

Ибрози назар кардан

Email-и Шумо мунташир нахоҳад шуд. Обязательные поля помечены *