Имрӯз дар КВД “Почтаи Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи байналмилалии Почта ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти Хадомоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини КВД “Почтаи Тоҷикистон”, собиқадорони соҳа ва кормандони алоқаю почта иштирок доштанд.
Қабл аз чорабинии расмӣ Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло якҷо бо Директори генералии КВД “Почтаи Тоҷикистон” аз раванди корҳои ободонӣ дар толору утоқҳои кории бинои Корхона шинос гардида, барои вусъат додани идомаи корҳои ободонӣ тавсия доданд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ нахуст Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло баромад намуда аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи алоқа ва почтаи Тоҷикистон ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки кормандони соҳаи Почта аз ҳарвақта дида бояд масъулияти бештар эҳсос намоянд, зеро дар роҳи рушди фаъолияти муросилотӣ дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, инчунин татбиқи стратегияи рушди почта танҳо бо усулҳои муосири соҳавию технологӣ метавон даст ёфт.
Директори генералии КВД “Почтаи Тоҷикистон” Сайдалӣ Мирзозода зимни баромади худ қайд кард, ки “Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ барои дар сатҳи нав, бо диди тоза ва талаботи замони муосир мутобиқ сохтани фаъолияти соҳаи алоқа қадамҳои устувор гузошта шуд. Ҳамин буд, ки 60 Марказҳои алоқаи почта, 470 шуъбаҳои алоқаи почта, чор муассисаи вилоятӣ ва дигар муассисаҳои соҳавӣ ташкилу дар сатҳи зарурӣ фаъолият доранд.
Дар идомаи ҳамоиши тантанавӣ собиқадорони соҳаи Почта баромад намуда аз шароитҳои имрӯз барои кормандон фароҳамгардида тавсиф намуданд.
Аз тарафи КВД “Почтаи Тоҷикистон” собиқадорон ва сармуҳаррирони як қатор рӯзномаҳо бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Қисмати охири ҳамоишро қадрдонии Роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои соҳавӣ, туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин мукофотонидани роҳбарият ва кормандони КВД “Почтаи Тоҷикистон” бо Медалу ифтихорнома аз тарафи Хадамоти алоқа, хотирмон намуд.
Бахши матбуотии КВД “Почтаи Тоҷикистон”

Ибрози назар кардан

Email-и Шумо мунташир нахоҳад шуд. Обязательные поля помечены *