Дар Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2025 баргузор гардид

28 январи соли 2026 дар бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар соли 2025 баргузор гардид. Дар нишаст Роҳбарият, сардорони раёсатҳо ва зерсохторҳои Хадамоти алоқа, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони аввали ширкатҳои мобилӣ ва беш аз 50 намояндаи ВАО иштирок намуданд. Сардори Хадамоти аалоқа Исфандиёри Саъдулло аз натиҷаҳои асосии фаъолияти соҳа, иҷрои барномаҳои давлатӣ, ҷорӣ намудани лоиҳаҳои рақамисозӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои алоқаи дохиливу хориҷӣ иттилоъ дод. Таъкид гардид, ки дар соли 2025 Хадамоти алоқа ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи алоқа, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, густариши интернет, беҳтар намудани сифати иртиботи мобилӣ ва татбиқи технологияҳои муосир тадбирҳои муҳим амалӣ намуд. Зимни нишасти матуботӣ аз ҷониби рӯзноманигорон беш аз 30 савол пешниҳод гардида, Сардори Хадамоти алоқа ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух гуфт. Дар ҷараёни нишаст намояндагони ВАО вобаста ба масъалаҳои марбут ба нархи хизматрасониҳо, сифати интернет, фарогирии шабакаҳои мобилӣ дар минтақаҳо, истифодаи технологияҳои нав ва нақшаҳои минбаъдаи Хадамоти алоқа саволҳо пешниҳод намуданд, ки ба ҳамаи онҳо посухҳои муфассал дода шуданд. Дар фарҷом таъкид шуд, ки Хадамоти алоқа минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, дастрасии бештари аҳолӣ ба интернети босифат ва рушди устувори соҳа чораҳои иловагӣ меандешад.

Ёддошти тафоҳум оид ба рушди телекоммуникатсия ба имзо расид

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар рушди иттилоотикунонӣ (информатизатсия) байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd. баргузор гардид. Ёддошти тафоҳум аз тарафи Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Садулло ва Раиси Шӯрои директорони Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd. Ҳан Сяохан ба имзо расониданд. Санади мазкур ҳамчун замина барои баррасӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, навсозии инфрасохтори рақамӣ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Ёддошти тафоҳум дар доираи шарикии стратегии ҳамаҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар марҳилаи нави рушд ба имзо расида, ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, инчунин ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ» мутобиқат мекунад.

Чорабинии канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» дар доираи Саммити «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон»

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ҷиҳати иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои «Муколаммаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ҳамчун ҷаласаи сатҳи олӣ ва қолаби бисёрҷонибаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ, як қатор чорабиниҳо ва мулоқотҳои дуҷониба баргузор гардиданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар самтҳои калидӣ равона шуда буданд. Аз ҷумла, 18 декабри соли равон дар шаҳри Токио дар доираи Саммити «Муколаммаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон», бо мақсади муаррифии зарфиятҳо ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои телекоммуникатсияву алоқа ва технологияҳои рақамӣ чорабинии канорӣ таҳти унвони «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур масъулини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба рушди инфрасохтори соҳаи алоқа ва технологияҳои телекоммуникатсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла соҳаи алоқа ва телекоммуникатсия равона гардида, дар он як қатор ширкатҳои хизматрасон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона доштанд.. Намояндагони ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳо ва доираҳои соҳибкории Ҷопон вохӯриҳои судманд анҷом дода, таҷрибаи пешқадам, имкониятҳои ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак ва маҳсулоту хизматрасониҳои худро муаррифӣ карда, зимнан масъалаҳои рушди стартапҳо, ҷалби сармоягузорӣ, содироти хизматрасониҳои рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши робитаҳои мустақими тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Баргузории чорабинии «Tajik-Japan Digital Business Connect» қадами муҳим дар самти муаррифии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар соҳаи технологияҳои телекоммуникатсионию алоқа арзёбӣ гардида, он ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушду такмил, таҷдиди инфрасохтор ва пешниҳоди хизматрасониҳои дорои сатҳу сифати баланд дар соҳаи алоқа ва интернети фарогиру босуръат, мусоидат хоҳад намуд. Мавриди зикри хос аст, ки иштироки Хадамоти алоқа дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ азми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати рушду навсозии инфрасохтори алоқа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои пешрафта бозгӯ менамояд.