Чорабинии канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» дар доираи Саммити «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон»

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ҷиҳати иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои «Муколаммаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ҳамчун ҷаласаи сатҳи олӣ ва қолаби бисёрҷонибаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ, як қатор чорабиниҳо ва мулоқотҳои дуҷониба баргузор гардиданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар самтҳои калидӣ равона шуда буданд. Аз ҷумла, 18 декабри соли равон дар шаҳри Токио дар доираи Саммити «Муколаммаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон», бо мақсади муаррифии зарфиятҳо ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои телекоммуникатсияву алоқа ва технологияҳои рақамӣ чорабинии канорӣ таҳти унвони «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур масъулини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба рушди инфрасохтори соҳаи алоқа ва технологияҳои телекоммуникатсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла соҳаи алоқа ва телекоммуникатсия равона гардида, дар он як қатор ширкатҳои хизматрасон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона доштанд.. Намояндагони ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳо ва доираҳои соҳибкории Ҷопон вохӯриҳои судманд анҷом дода, таҷрибаи пешқадам, имкониятҳои ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак ва маҳсулоту хизматрасониҳои худро муаррифӣ карда, зимнан масъалаҳои рушди стартапҳо, ҷалби сармоягузорӣ, содироти хизматрасониҳои рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши робитаҳои мустақими тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Баргузории чорабинии «Tajik-Japan Digital Business Connect» қадами муҳим дар самти муаррифии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар соҳаи технологияҳои телекоммуникатсионию алоқа арзёбӣ гардида, он ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушду такмил, таҷдиди инфрасохтор ва пешниҳоди хизматрасониҳои дорои сатҳу сифати баланд дар соҳаи алоқа ва интернети фарогиру босуръат, мусоидат хоҳад намуд. Мавриди зикри хос аст, ки иштироки Хадамоти алоқа дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ азми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати рушду навсозии инфрасохтори алоқа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои пешрафта бозгӯ менамояд.
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД «Почтаи Тоҷикистон»

Роҳбарият ва кормандони КВД «Почтаи Тоҷикистон» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуданд. Боиси зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъала баланд бардоштани сифати алоқа ва хизматрасониҳо дастуру супоришҳо доданд, ки ҳамаи онро кормандони КВД «Почтаи Тоҷикистон» сармашқи фаъолияти худ менамоянд. Аҳли заҳмати Корхона аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар руҳияи тоза гирифта, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои додашуда камар мебанданд.
Почтаи тоҷик: Муросилоти байналмилалии почтавӣ рушд меёбад
Дар шашмоҳаи аввали соли 2025 роҳбарияти КВД «Почтаи тоҷик» бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалї ва рушди бахши муросилоти почтавӣ тадбирои муайянеро роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла бо намояндагони 11 адад ширкатҳои соҳавии байналмилалӣ барои дастрасии муросилоти почта мулоқоту суҳбат анҷом дода шуд, ки дар натиҷа ду корхонаи тиҷоратии “Finarsenal SRL” (Файнерсинал СРЛ) барои фиристодани муросилоти почтавӣ ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка изҳори омодагӣ намуданд. Инчунин ҶДММ “Азия Экспресс” барои ҳамкориҳои дуҷониба ва равон кардани муросилоти почта ба Федератсияи Россия дархост пешниҳод намудааст. КВД «Почтаи тоҷик» дар давраи ҳисоботӣ Шартномаҳои ҳамкорӣ оид ба равнақи тиҷоратӣ электрониро бо ҶДММ “Дастрас Тоҷикистон” (Лак-лак), ҶС “Почтаи Гурҷистон”, ҶДММ “Мавсими Расон”, ҶДММ “Дунё”, ҶДММ “Занҷираи осиёгии таҳвил”ва Ширкати чинии “Флайт экспресс” баррасӣ намуд, ки ба рушди муросилоти почтавӣ мусоидани фаъол хоҳад намуд.